Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар назди масҷидҳо гӯшаҳои китобҳои дунявӣ гузошта мешаванд", гуфт вазири фарҳанг


рафҳои китоб дар як масҷиди Қирғизистон

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ният дорад, дар масоҷиди кишвар гӯшаҳои китоб ташкил намуда, дар баробари китобҳои динӣ, китобҳои дунявӣ низ барои аҳли намозгузорон пешниҳод намояд.

Дар ин бора Шамсиддин Орунбекзода, вазири фарҳанг рӯзи 26 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ дод ва гуфт, ки чунин таҷрибаи ташкили китобхона дар гӯшаи масҷид дар ҳамсоякишвари Узбекистон вуҷуд дорад ва онҳо ният доранд, дар Тоҷикистон ҳам ин таҷрибаро роҳандозӣ намоянд.

Ӯ гуфт, намозгузорон дар лаҳзаи фориғ аз намоз метавонанд ба мутолеаи китоб машғул шаванд: “Он таҷрибае, ки дар Узбекистон аст, як гӯшаи масҷид ҳамчун китобхона фаъолият дорад, на фақат китобҳои динӣ, балки китобҳои муосир ҳам гузошта шудаанд. Шахсоне, ки ба он ҷо ташриф меоранд, дар лаҳзаи фориғ аз намоз метавонанд китобро варақ зананд, ба масаъалаи дунявӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд”.

Вазири фарҳанг таъкид намуд, ки “рафтани мардум ба масҷидҳо хеле зиёд аст ва бисёр хуб мешуд дар доираи маҳдуди танҳо воизон банд набошанду муносибати илмӣ ҳам дошта бошанд”. Орунбекзода мегӯяд, ба мушоҳидаи онҳо таваҷҷӯҳи мардум ба китобу китобхонӣ зиёд шудааст ва нархи китоб дар муқоиса ба дигар кишварҳо, дар Тоҷикистон арзон аст.

Тоҷикистон, ки бар асоси конститутсия, динро аз давлат ҷудо медонад, дар солҳои охир барои дахолати давлат ба умури динӣ мавриди интиқод аст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар амри мубориза бо ифротишавии ҷомеа тадбирҳоеро дар заминаи танзими кори муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо ва кори имомхатибон рӯи даст гирифтаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG