Вазири умури дохилии Қазоқистон Ерлан Тургумбоев ҳамлаи гуруҳи занони ношинос ба рӯзноманигорон, аз ҷумла хабарнигор ва наворбардори бахши қазоқии Радиои Озодиро дар шаҳри Алмато шарҳ дод.
Тургумбоев амали тарҳрезишудаи мақомот будани ҳамлаи мазкурро қотеона рад кард. "Ин хел нест",-посух дод вазир ба суоли хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ, ки гуфт, ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳамлаи занони хашин ба хабарнигорон ва ба ҳамзадани конфронси ҳуқуқи инсон эҳтимол аст, амали тарҳрезишудаи мақомот бошад.
"Дирӯз дар шаҳри Алмато нишасти хабарӣ ё конфронсе баргузор шудааст. Дар он ҷонибҳо байни ҳам ҷанҷол кардаанд. Дар ҳоли ҳозир ҳар ду ҷониб ба мо шикоят кардаанд, ки дар натиҷаи амали авбошонаи тарафи дигар осеби ҷисмонӣ дидаанд. Ин масъаларо хоҳем омӯхт", - афзуд вазири умури дохилии Қазоқистон.
Вале шоҳидони ҳодиса мегӯянд, дар конфронс "миёни ду ҷониб" ҷанҷол нашудааст. Як гуруҳи хашини занони ношинос ба иштирокдорони ҳамоиши марбут ба таъқиби модарони серфарзанд ҳамла карданд.
Ёдрас мешавем, хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ дирӯз, 22 июл барои иштирок дар конфронси "Давлат бо модарону кӯдакон мубориза мебарад" ба коргоҳи Бюрои ҳуқуқи инсони Қазоқистон рафта буданд. Қарор буд, иштирокдорони нишаст дар ҳузури хабарнигорон ҷузъиёти парвандаи модарони серфарзанди боздоштшуда Оксана Шевчук, Гулзипа Ҷаукерова ва Жазира Демеуоваро шарҳ диҳанд, ки ба иштирок дар фаъолияти ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" ба раҳбарии мухолиф Мухтор Аблязов айбдор мешаванд.
Аммо як гуруҳи занони ношинос дар ҷараёни конфронс ба хабарнигорону созмондиҳандагони нишаст ҳамла карда, иҷозат надоданд, ки ҳамоиш баргузор ва раванди он ба навор гирифта шавад. Кормандони пулис танҳо пас аз нимсоат ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуданд ва гуруҳи занон аллакай биноро тарк карда буданд. Маъмурони ҳифзи ҳуқуқ тавонистанд танҳо яке аз занҳоро дастгир кунанд.
Ин бори аввал нест, ки рӯзноманигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ мавриди ҳамла қарор мегиранд. Рӯзи 6 июл низ ба кормандони радио ҳангоми бозтоби эътирозҳои Рӯзи пойтахти Қазоқистон ҳамла сурат гирифта буд. Кормандони пулис, ки дар маҳалли ҳодиса қарор доштанд, бо вуҷуди дархости рӯзноманигорон дахолат накарданд.