Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба кормандони Радиои Озодӣ бо банди "Худсарӣ" таҳқиқ мешавад


Департаменти пулиси шаҳри Алмато тафтиши ҳамла ба хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ ва расонаҳои дигарро бо банди "Худсарӣ"-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон оғоз кардааст.

Ба иттилои пулис, пас аз ҳамла ба ин ниҳод 5 кас - хабарнигорон ва созмондиҳандагони конфронс муроҷиат кардаанд. "Ҳамчунин се кас ба пулис шикоят кардаанд, ки хабарнигорон ва созмондиҳандагони нишаст ба онҳо осеби ҷисмонӣ расонидаанд",-гуфтанд дар департамент.

Хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ дирӯз, 22 июл барои иштирок дар конфронси "Давлат бо модарону кӯдакон мубориза мебарад" ба коргоҳи Бюрои ҳуқуқи инсони Қазоқистон рафта буданд.

Қарор буд, иштирокдорони нишаст дар ҳузури хабарнигорон ҷузъиёти парвандаи модарони серфарзанди боздоштшуда Оксана Шевчук, Гулзипа Ҷаукерова ва Жазира Демеуоваро шарҳ диҳанд, ки ба иштирок дар фаъолияти ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" ба раҳбарии мухолиф Мухтор Аблязов айбдор мешаванд.

Як гуруҳи занони ношинос дар ҷараёни конфронс ба хабарнигорону созмондиҳандагони нишаст ҳамла карданд. Сабабҳои ҳамлаи ин гуруҳи занон ба рӯзноманигорон маълум нест.

Занон ба хабарнигорон ва рӯзноманигорон иҷозат надоданд, ки раванди нишастро ба навор бигиранд. Телефонҳои баъзе аз онҳоро гирифтанд. Кормандони пулис танҳо пас аз нимсоат ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуданд ва гуруҳи занон аллакай биноро тарк карда буданд. Маъмурони ҳифзи ҳуқуқ тавонистанд танҳо яке аз занҳоро дастгир кунанд.

XS
SM
MD
LG