Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири адлия гуфт, барои ошӯби зиндони Хуҷанд 9 корманди маҳбас муҷозот шуд


Нуҳ корманди зиндони Хуҷанд дар робита ба ошӯб дар ин маҳбас ба зиндон маҳкум шуданд. Рустами Шоҳмурод, вазири адлия рӯзи 16-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми ин нафарон дар додгоҳ содир шудааст, вале аз додани ҷузъиёт, аз ҷумла, ҳуввияти маҳкумшудаҳо ва ҳам мӯҳлати ҳукми онҳо худдорӣ кард.

Ба қавли вазири адлия, ин нуҳ корманди зиндон ба сӯистифода аз мақом ва хунукназарӣ гунаҳкор дониста шуданд.

Дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои “хунукназарӣ” (моддаи 322) аз пардохти ҷарима то 2-5 соли зиндон ва барои “Сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ” (моддаи 314) то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Рустами Шоҳмурод дар идома дар бораи ошӯб дар зиндони Ваҳдат ҳам сӯҳбат кард ва гуфт, ки тафтишот идома дорад ва феълан нисбати ягон корманди зиндон парванда боз нашудааст.

Ошӯб дар ду зиндони Тоҷикистон дар як соли ахир, ки беш аз 50 зиндониву 5 корманди зиндонро кушта бар ҷой гузошт, дар нишасти матбуотии рӯзи 16 июл дар Душанбе баҳси гармеро миёни рӯзноманигорон ва вазири адлия эҷод кард.

Вазири адлия таъкид кард, ки мушкили аслии маҳбасҳои Тоҷикистон ин зарурати биноҳои нави муосир мебошад.

XS
SM
MD
LG