Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Турко Дикаев, хабарнигори шинохтаи тоҷик. ВИДЕО


Турко Дикаев
Турко Дикаев

Турко Дикаев, хабарнигори шинохтаи тоҷик шаби 15-16 июл дар сини 69 солагӣ ин дунёро падруд гуфт.

Наздикони Турко субҳи 16-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ ду рӯз ба ин тараф аз дарди дил ранҷ мекашид ва рӯи бистари беморӣ афтода буд.

Турко Диекаев аз овони ҷавони дар минтақаи Кӯлоб ба кори хабарнигорӣ пардохта, дар даҳҳо нашрия фаъолият кардааст. То ду сол пеш хабарнигори оҷонсии иттилооти “Азия Плюс” буд, аммо баъди рухсат шудан аз ин хабаргузори дигар кори журналисти накард ва ба аккосӣ машғул буд.

Аммо хабарнигорони минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ки хизматҳои Турко Дикаев дар шаклгирии журнализми минтақаи Кӯлоб калон аст. Ба гуфтаи ҳамкасбони Турко ӯ даҳҳо журналисти ҷавонро дар ин минтақа тарбия кардааст, ки ҳоло дар даҳҳо оҷонсиву хабаргузориҳои дохилӣ ва байналмилалӣ фаъолият доранд.

Соли 2005 Турко Дикаев дар миёни 25 журналисти шинохта, ки аз суи дафтари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо баргузор гардида буд, унвони журналисти солро гирифта буд.

Даргузашти Турко Дикаев, хабарнигори шинохтаи тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00

XS
SM
MD
LG