Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев норасоии манзили зистро мушкили рақами яки иҷтимоӣ номид


Тоқаев гуфт, ин масъала бояд таҳти назорати ҳамешагии ҳукумати Қазоқистон бошад. "Бархе аз ашхоси муайян талаби аз ҳад зиёди манзили зистро доранд. Вале ин мушкил ҳалли худро намеёбад. Мо онро чи гуна ҳал мекунем, ҳамааш аз ҳукумат вобастагӣ дорад",-афзуд ӯ.

Изҳороти Тоқаев дар пайи эътирози модарони серфарзанд ва кӯдакони маъюбе ҳаст, ки чанд рӯз мешавад, дар шаҳрҳои гуногуни Қазоқистон бо талаби манзили зист ба кӯчаҳо мебароянд.

Яке аз чунин эътирозҳо 12-уми июли соли равон дар шаҳри Нурсултон баргузор шуд. Занони ҷамъшуда хостанд, ба бинои маъмурияти президенти Қазоқистон ворид шаванд, вале ба онҳо иҷозат надоданд.

XS
SM
MD
LG