Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IAEA дар бораи Эрон ҷаласаи махсус баргузор мекунад


Козим Ғарибободӣ, намояндаи Эрон дар Оҷонси Байналмилали Энержии Атомӣ.
Козим Ғарибободӣ, намояндаи Эрон дар Оҷонси Байналмилали Энержии Атомӣ.

Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гуфт, ки ҳафтаи оянда як ҷаласаи махсусе дар бораи барномаҳои атомии Эрон баргузор мекунад. Ба гуфтаи оҷонсӣ, ҷаласа бо дархости Амрико сурат мегирад ва ҳам баъд аз онки Теҳрон гуфт, баъзе аз бандҳои созиши атомиро нақз кардааст. Сухангӯи ин муассисаи Созмони Милал гуфт, нишасти шӯрои мудирон рӯзи 10-уми июл дар шаҳри Вена баргузор мешавад.

Ҷаласа дар замоне сурат мегирад, ки таниш байни Амрикову Эрон бинобар барномаҳои атомии Теҳрон авҷ гирифтааст. Раиси ҷумҳур Доналд Трамп моҳи апрели соли 2018 Амрикоро аз созиши чандҷонибаи атомӣ бо Эрон хориҷ кард ва таҳримоти сахти иқтисодӣ ба зидди ин кишварро баргардонд. Ҳасан Рӯҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон чанде пеш гуфт, ки кишвараш дигар баъзе аз бандҳои созишро риоят намекунад ва аз ҷумла тавлиди ураниуми ғанишударо афзоиш дода, ҳаҷми онро аз 300 килограмм ҳам боло мебарад.

Бар асоси созиши атомӣ байни Эрону Амрикову Чину Русия ва Олмону Фаронсаву Бритониё, Теҳрон фаъолиятҳои атомӣ аз ҷумла тавлиди урауними ғанишударо кам кард ва баъзе аз таҳримот ба зидди онро аз байн бардоштанд.

XS
SM
MD
LG