Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА Рӯзи истиқлоли давлатиро ҷашн гирифтанд


Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 4 июл Рӯзи истиқлолияти давлатии ин кишварро таҷлил карданд. Дар шаҳри Вашингтон бахшида ба ин сана парад баргузор шуд.

Президенти ИМА Доналд Трамп бархилофи анъана дар чорабиние, ки дар назди ёдгории Линколн дар Вашингтон баргузор шуд, суханронӣ кард. Пештар Трамп дар Твиттер хабар дод, ки дар рӯзи ҷашн барномаи асосӣ гузашти низомӣ бо иштироки нирӯҳои ҳавоӣ хоҳад буд. Вале мунтақидон Трампро ба низомӣ кардани ҷашн ва ғайриҳадафмандона истифода бурдани пули андозсупорандаҳо айбдор карданд.

Вазорати дифои ИМА рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки президент Трамп иҷрокунандаи вазифаҳои раҳбари ин ниҳод Марк Эспер ва раиси кумитаи муттаҳидаи сардорони ситодҳои артиши ИМА генерал Ҷозеф Данфордро ба чорабинӣ даъват кардааст.

Дар ИМА 4 июли соли 1776 Эъломияи мустақил шудан аз Бритониё имзо карда шуд. Дар ин рӯз садҳо ҳазор одам дар шаҳри Вашингтон барои тамошои барномаи консертӣ гирди ҳам меоянд.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG