Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД сабаби сӯхтор дар бозори ноҳияи Ҳамадониро "расиши ноқилҳо" гуфт


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодисаи ба коми оташ рафтани бозори марказии ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлонро шарҳ дод.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД рӯзи 3-юми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси санҷишҳои аввалия маълум гардидааст, ки сабаби сӯхтори шаби гузашта дар бозори Ҳамадонӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳо будааст. Ҳамсӯҳбатамон гуфт, дар пай ин ҳодиса 200 метри квадратии бозор сӯхтааст. Ӯ мегӯяд, ҳоло санҷиши ҳодиса идома дорад ва ба зудӣ хисорот ва дигар тафсилоти ҳодиса маълум хоҳад шуд.

Як манъ аз Идораи сӯхторхомушкунии вилояти Хатлон гуфт, ҳудуди 12-13 мағоза дар ин ҳодиса зарар дидаанд ва бештар болопӯшҳои мағозаҳо ба коми оташ рафтааст. Ба иттилои манбаъ, сӯхтор соати 2:50 шаби 3 июл сар зада, беш аз як соат идома ёфтааст. "Сабабро расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ гуфтанд, лекин мақомоти прокуратура ва Шӯъбаи корҳои дохила аз рӯи наворҳои камераҳои бозор ҳоло ин ҳодисаро месанҷанд",-афзуд манбаъ.

Соҳибкорони ин бозор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти оташнишонӣ бо таъхир ба макони ҳодиса омада, тавонистанд алангаҳои сӯхторро ба таври комил фурӯ нишонанд. Саъдулло Хоҷаев, яке аз соҳибкорони бозори марказии ноҳияи Ҳамадонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, фақат дар зери як бино 30 дӯкон ҷой дошт ва ҳама нобуд шуд. Вай гуфт, ҳеҷ яке аз фурӯшандаҳо натавонистанд молу колои худро ҳифз кунанд. "Аз мақомоти ноҳия намояндаҳо омаданду диданд, ваъда доданд, ки кӯмак хоҳанд кард",-афзуд вай.

Сокина Ёрмадова, як соҳибкори дигари ин бозор гуфт, тамоми борҳояш ба коми оташ рафтааст. Вай афзуд, аз сар задани сӯхтор соати 3-и шаб бохабар шуданд. "Вақте мо омадем, сӯхтор идома дошт, гуфтанд, барвақтар сар шудааст, бисёр тоҷиронро молҳояшон сӯхтааст, мошинҳо дер омаданд, баъзеяш об надошт, гашта рафт об гирифтанд, хеле дер шуд, қариб то саҳар сӯхтор идома кард, ҳоло кормандони сӯхторхомӯшкунӣ дар ҳамин ҷо ҳастанд".

Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ, сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст.

Аз ҷумла, ду моҳ қабл як бахши яклухтфурӯшии маводи хӯроквории бозори марказии Ховалинг ба коми оташ рафта буд. Шоҳидон гуфтанд, ки сӯхтор нимашаби 22-юми май рух дода ва бо кӯмаки оташнишонҳо хомӯш карда шуд.

Сабаби сӯхтор дар бозори “Султони Кабир”-и шаҳри Душанберо мақомот дар моҳи июни соли гузашта, "расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ" номида буданд. Дар ин сӯхтор даҳҳо тоҷир зиён диданд.

Аз он пеш, тобистони соли 2017 "Корвон" - бузургтарин бозори Душанбе низ оташ гирифта буд, ки дар натиҷаи он садҳо тоҷир зиёни азим диданду муфлис шуданд. Бозори ноҳияи Фархор ҳам тобистони ҳамонсол оташ гирифт ва садҳо нафар молу амволи зиёдашонро аз даст доданд.

Дар сӯхтори бузургтарин бозори вилояти Хатлон, мавсум ба бозори "Ҳоҷӣ Шариф", ки моҳи октябри соли 2017 рух дод, даҳ дӯкону панҷ анбори бузурги масолеҳи сохтмонӣ ба коми оташ рафта буд.

Аммо моҳи августи соли гузашта як қисмати яклухтфурӯшии маводи ғизоӣ дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб ба коми оташ рафта буд, ки мақомот баръакси сӯхторҳои дигар соҳиби ин анборро дар қасдан оташ задан боздошт намуда буданд.

XS
SM
MD
LG