Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Залмай Халилзод ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон чӣ гуфтанд?


Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон.
Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон.

Залмай Халилзод, намояндаи махсуси Амрико барои сулҳи Афғонистон, ба Тоҷикистон омад ва рӯзи 27-уми июн бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ду ҷониб "ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амрикоро баррасӣ намуданд". Ба қавли манбаъ, масъалаи барқарории сулҳ дар Афғонистон, ҳифзи марз ва мубориза бо терроризм ҳам матраҳ будааст. Ҷузъиёти аз ин зиёди сӯҳбат маълум нест. Рӯшан нест, ки ҷонибҳо дар бораи созиш бо Толибон чӣ гуфтаанд.

Залмай Халилзод барои гуфтугӯ бо мақомоти тоҷик шоми 26-уми июн вориди Душанбе шуд. Залмай Халилзод собиқ сафири Амрико дар Афғонистон ва Ироқ, моҳи сентябри соли гузашта роҳбари тими махсуси Департаменти давлатии Амрико дар умури гуфтушуниди сулҳу оштӣ бо Толибон таъйин гардид.

Залмай Халилзод то имрӯз дар Қатар бо гурӯҳи Толибон шаш даври музокироти сулҳи Афғонистонро гузарондааст. Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик даври дигари ин гуфтугӯҳо оғоз шавад.

XS
SM
MD
LG