Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақрибан 40 000 доллар кумаки UNDP ба осебдидаҳои сел


Баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ ба осебдидаҳои сел дар чанд ноҳияи вилояти Хатлон кумак кардаанд.

Барномаи Рушди Созмони Милал (UNDP) рӯзи 11-уми июн дар эъломияе гуфт, ба беш аз 900 оила дар Фархору Восеъ ва Панҷ ба маблағи тақрибан чиҳил ҳазор доллар ёрӣ намуд. Ин хонаводаҳо дар натиҷаи борону сел ё беҷо шудаанд ва ё ҷиҳози зарурии хонаашонро аз даст додаанд.

Кумакҳои UNDP аз дегу рахти хоб, собун, хамираи дандоншӯӣ ва маводи дигар иборат аст. Масъулони созмон гуфтанд, ин ёрии аввал ва зарурӣ барои зарардидаҳо аст. "Кумакҳои дигар баъди ҳисоби зиёни сел расонда хоҳад шуд", -- гуфтанд дар созмон.

Бо гузашти даҳ рӯз аз харобкориҳои сел дар гӯшаҳои гуногуни кишвар то ҳанӯз зиёни онро ҳисоб накардаанд. Мақомот мегӯянд, дар ин замина як комиссияи махсус кор мекунад.

Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз созмонҳои байналмилалӣ барои рафъи оқибатҳои сел кумак хоста буд.

Дар даҳ рӯзи ахир борону сел дар шаҳрҳои Конибодому Панҷакенти вилояти Суғд, ноҳияҳои Фархору Восеъ ва Панҷи вилояти Хатлон даҳҳо манзилро вайрон ва чандин оиларо беҷо кард. Дар ин ҳодисаҳо дар Панҷакенту Хуросон ва Панҷ чаҳор нафар ҷон бохтанд.

Баъзе аз сокинон шикоят доштанд, ки ба танҳоӣ оқибатҳои селро рафъ мекунанд ва ҳанӯз аз мақомот кумак нагирифтаанд.

Рӯзи 12-уми июн як манбаи Радиои Озодӣ хабар дод, ки баъзе аз сокинон ҳангоми бартараф кардани оқибатҳои сел дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ ба бемориҳои гуногуни пӯст гирифтор шудаанд. Маркази бемориҳои пӯсти ноҳия гуфтааст, ба онҳо кумаки тиббӣ мерасонад ва доруи бепул медиҳад.

XS
SM
MD
LG