Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи писари молики бозори "Султони Кабир" ба додгоҳ рафт


Таҳқиқи парвандаи Кабир Кабиров, писари Авазхон Кабиров, молики бозори "Султони Кабир" ба поён расидааст. Кабирови 19-сола ба садамае муттаҳам аст, ки боис ба марги ду нафар шудааст.

Як манбаи мӯътамад дар идораи милисаи шаҳри Душанбе бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 11-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, муфаттишони ин ниҳод тафтиши қазияи Кабир Кабировро ба анҷом расониданд.

Ба қавли манбаъ, парвандаи Кабир Кабиров охири ҳафтаи гузашта ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол шуд. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, феълан санаи шурӯи мурофиа дақиқ нест.

Писари молики бозори "Султони Кабир" шаби 23-юми март дар хиёбони марказии Душанбе бо худрави тамғаи "Лексус-450" ба садама дучор шуд. Дар натиҷаи он ду нафар аз ҳамроҳонаш - Саидов Саидҷаъфар Бахтиёрович ва Саҳобиддинзода Некзод Мисриддин, ки ҳарду 19-сола буданд, ба ҳалокат расиданд. Як ҳамроҳи дигараш бо захмҳои гуногун дар бемористон гардид.

Дар интизори ҳабс аз 5 то 10 сол

Нисбат ба Кабир Кабиров бо иттиҳоми "вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ" (қисми сеи моддаи 212-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон), ки боис ба марги ду нафар шуд, парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Аз рӯи ин иттиҳом ба ӯ аз панҷ то даҳ соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Мақомоти Раёсати корҳои дохилии Душанбе мегӯянд, Кабир Кабиров "бо сабаби баланд намудани суръати ҳаракат аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, аввал ба девори бетонии канори роҳ ва баъдан ба симчӯби оҳанӣ бархӯрдааст".

Ҳодиса дар рӯ ба рӯи бинои сохтмонаш нотамоми Хадамоти алоқа ва дар наздикии бинои порлумони Тоҷикистон рух дод.

Кабир Кабирови 19-сола донишҷӯи соли якуми факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Наздикони Кабиров гуфтанд, вазъи ӯ феълан дар боздоштгоҳ хуб аст.

Султон Кабиров, аз пайвандони Кабир Кабиров рӯзи 11-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷиянаш феълан дар боздоштгоҳ аст ва аз шароиташ шикоят надорад. Кабиров гуфт, мунтазиранд, ки додгоҳ дар ин замина чӣ қарор содир мекунад.

Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд ва ҳазорон нафари дигар захмӣ ва маъюб мешаванд. Дар тақрибан ду соли охир дар Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ҷон бохта ва беш аз 2300 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Садамаҳои пурсару садо

Солҳои охир чанде аз садамаҳо бо иштироки фарзандони мақомдорони тоҷик ва афроди шинохтаи кишвар рух додааст. Пурсарусадотарини он садамаи Расули Амонуллоҳ, писари Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ, раҳбари пешини идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли 2013 буд.

Дар пайи ин садама се нафар ҷон бохтанд, аммо мақомот гуфтанд, ҳарчанд мошин мутааллиқ ба Расули Амонуллоҳ буд, дар вақти садама каси дигаре бо номи Умар Шарифов ронандагӣ мекард.

Дар соли 2016 дар натиҷаи садамаи Фаромуз Саидов, писари муовини нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ду нафар ҷон бохтанд. Инчунин чанд садамаи дигари маргбор бо иштироки нозирони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ва мақомоти дигар рух додааст.

Мақомот мегӯянд, аксари ин садамаҳо аз беэҳтиётӣ сар задаанд. Мунтақидон мегӯянд, ки ин ҳодисаҳо бештар ҳангоми "пойга" ё суръати аз ҳад баланди мошин рух медиҳанд ва на ҳамеша гумонбарон ҷазо мегиранд.

XS
SM
MD
LG