Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси демократҳои Суғд шартан озод шуд


Абдуҷаббор Юлдошев, раиси дафтари Ҳизби демократ дар вилояти Суғд ба озодӣ баромад. Оқои Юлдошев моҳи майи имсол бо қарори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд ва ӯро дар маҳбаси сукунатӣ нигоҳ медоштанд.

Худи Абдуҷаббор Юлдошев рӯзи 5-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ раҳо шуданашро тасдиқ кард. Ӯ гуфт,ҳафтае қабл ба озодӣ баромад. Ба таъкиди раиси дафтари Ҳизби демократ дар вилояти Суғд, ӯ бояд ҳар моҳ ба муассисаи ислоҳӣ 220 сомонӣ супорида, инчунин ҳар 10 рӯз аз қайд гузарад.

Абдуҷаббор Юлдошев бо қарори Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар моҳи декабри соли 2018 шартан ба якуним сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Оқои Юлдошев ба сӯхтор дар манзили ҳамсояаш дар ҷамоати Ёва, айбдор мешавад.

Масъулони Ҳизби демократ қаблан ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Абдуҷаббор Юлдошев аз зинаҳоии болоии додгоҳ бозбинии парвандаашро талаб карда буд ва бо бетағйир мондани ҳукми қаблӣ аз сӯи Додгоҳи вилояти Суғд дар моҳи май ӯро ба ҳабс гирифтанд.

Худи Юлдошев баъди ба озодӣ баромадан ҳам гуфт, аз қарори додгоҳ розӣ нест ва аз болои он дубора ба Додгоҳи вилояти Суғд шикояти назоратӣ бурдааст.

Додгоҳ Абдуҷаббор Юлдошевро ба сар задани сӯхтор дар манзили ҳамсояаш дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи моддаи 256 -и Кодекси ҷиноятӣ, яъне "аз беэҳтиётӣ несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк", айбдор дониста, ҷазои якуним соли ҳабси шартӣ ва пардохти ҳудуди 32 ҳазор сомонӣ зиён ба ҳамсоя, таъин карда буд.

Вале Юлдошев аз аввал то кунун муҷозоти худро "фармоишӣ" ва "дорои ангезаҳои сиёсӣ" номида буд. Ӯ иддао карда буд, ки сӯхтор аз хонаи ӯ ба ҳамсоя нагузашта, балки алангаи сӯхтор аз манзили ҳамсоя ба хонаи ӯ забона зад ва баръакс, ӯ зарар дидааст.

Абдуҷаббор Юлдошев қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тахмин зада буд, ки чанд интиқоди ӯ ҳамчун узви Шӯрои ҷамъиятии ислоҳоти сохтори милитсия ба мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз фаъолияти сехҳои мебелсозӣ, ба ин вазъият сабаб шуд. Ӯ аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки ин сехҳо чанд дафъа боис ба сӯхтор шудаанд. "Ба ҷойи ҳалли ин мушкил дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ба ман ин айбро бор карданд".

Мақомот аз ӯ пардохти ҷуброни зиён ба ҳамсояашро талаб карданд. Вале ӯ мегуфт, маблағ надорад ва зиёда аз ин, худро дар ин қазия бегуноҳ донист ва умедвор буд, ки рӯзе додгоҳ ин "нофаҳмӣ"-ро поён медиҳад ва ӯро бегуноҳ эълон мекунад.

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG