Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як моҳ дар Идлиби Сурия 948 нафар кушта шудааст


Дар натиҷаи афзоиши ҷангҳо дар як моҳи гузашта дар вилояти Идлиби Сурия 948 тан кушта шудаанд.

Созмони назорат аз ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, рӯзи 31-уми май гуфт, тақрибан сесад нафари онҳо афроди мулкӣ, аз ҷумла кӯдакон ҳастанд. Ин талафот дар натиҷаи тирандозии низомиёни Русия ва нерӯҳои Сурия давлатии сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи масъулони созмон, дар ҷараёни ҳамин муддат 22 нафар, ба шумули даҳ кӯдак, дар натиҷаи тирандозии шӯришён ба минтақаҳои зери назорати нерӯҳои тарафдори режими Башор Асад кушта шудаанд.

Дар моҳи сентябри соли гузашта ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳуҷумҳои зиёди нерӯҳои тарафдори режими Сурия ба вилояти Идлиб ва минтақаҳои атрофи он як тавофуқ сурат гирифт. Ин минтақаҳо дар назорати гурӯҳи “Таҳрири Шом” аст.

Ба гуфтаи созмони назорат аз ҳуқуқи башари Сурия, аммо режими Сурия ва муттаҳиди он Русия аз моҳи апрел ба ин сӯ ҳамлаҳои маргбори ҳавоиро ба манотиқи таҳти назорати шӯришён бештар кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, рӯзи 31-уми май гуфт, дар вилояти Идлиб ба оташбас ниёз буд ва лозим аст, ки террористон тирандозӣ болои афроди мулкӣ ва муассисаҳоро бас кунанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Туркия аз гурӯҳҳои мухталифи шӯришён, вале Русияву Эрон аз режими Башор Асад ҳимоят мекунанд.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарии муштарак бо Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар Берлин гуфт, “мо мушкилоти мухталифро мавриди баҳси қарор хоҳем дод. Табъан дар мавриди вазъияти Сурия ва авзои хеле шикананда дар Либия гуфтугӯ хоҳем кард.”

Ба гуфтаи мақомоти Созмони Милали Муттаҳид, аз моҳи апрели имсол ба ин тараф дар натиҷаи ҷангҳо дар Сурия ҳудуди 270 ҳазор тан бе ҷо шудаанд. Идораҳои СММ маҷбур шудаанд, ки дар баъзе аз минтақаҳои ин кишвар фаъолияти худро муваққатан боздоранд.

Гузоришҳои видеоӣ

Бахтиёр Иброҳимов аз таронаҳои арзон то ба шӯҳрати "Гулшан"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00
XS
SM
MD
LG