Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурсултон Назарбоев соҳиби як унвони дигар шуд


Вакилони сенати Қазоқистон дар ҷаласаи рӯзи 30-юм май аз додани унвони "сенатори фахрӣ" ба президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев ҷонибдорӣ карданд. Додани унвони "сенатори фахрӣ"-ро ба Нурсултон Назарбоев президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар маросими савгандёдкуниаш дар охирҳои моҳи март пешниҳод карда буд.

Тоқаев дирӯз дар оғози ҷаласаи Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) низ эълом кард, ки бо пешниҳоди раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Нурсултон Назарбоев унвони "раҳбари фахрии ИИАО" дода шуд. Худи Назарбоев пеш аз ҷаласа президентҳои Русия, Белорус ва Қирғизистонро бо ордени ба номи худ қадрдонӣ кард.

"Додани унвони "сенатори фахрӣ" маънои эътирофи хидматҳои таърихии президенти нахустини Қазоқистонро дорад, ки ҳамчун бунёдгузори давлати Қазоқистон ба хотири ҳифзи Конститутсия, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандон анҷом додааст",-омадааст дар иттилоияи сенат.

Нурсултон Назарбоев, ки моҳи март аз мақомаш истеъфо дод, имсол ба сини 79 медарояд. Ӯ зимоми қудратро дар Қазоқистон ҳанӯз пеш аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар соли 1989 ба даст гирифт. Соли 1990 бори нахуст президенти Қазоқистон интихоб шуда, дар чандин интихоботҳои президентии баъдӣ низ баранда эълом гашт. Муҳлати президентии ахири ӯ соли 2020 ба поён мерасид. Вай соли 2017 "дарозумртарин президент" дар кишварҳои пасошӯравӣ эълом шуд.

Расонаҳои Қазоқистон бори нахуст соли 2016 дар бораи бад шудани саломатии Назарбоев расман хабар доданд, ки боиси лағви сафараш ба Арманистон шуда буд. Баъд аз ин Назарбоев тасмим гирифт, салоҳиятҳои президентро байни ҳукумат ва порлумони Қазоқистон тақсим ва духтари калонияшро узви палатаи болоии порлумон таъйин кунад.

XS
SM
MD
LG