Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон нақшаи даъват ба артиш иҷро шуд


Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш хабар дод. Мавсими даъвати баҳории ҷавонони аз 18 то 27-солаи тоҷик барои хидмат дар артиш рӯзи якуми апрел оғоз гардида буд.

Орифҷон Нозимов, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш дирӯз, 29-уми май пурра анҷом ёфт. Ӯ таъкид намуд, ки нақшаи даъватро нахуст Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, баъдан шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва сипас вилоятҳои Суғду Хатлон баробар иҷро намуданд.

Дар ҳоле, ки ҳамсӯҳбатамон мегӯяд, нақшаи даъвати ҷавонон бидуни мушкил иҷро гардид, дар ин мавсими даъват чанд навори "облава" дар Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва боиси баҳсҳои тунд шуд.

Ҳар сол ҳазорҳо ҷавони аз 18 то 27-солаи тоҷик ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Бино ба иттилои расмӣ, теъдоди афроди сини даъватӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари онҳо аз хизмат расман озоданд. Яъне, ё писари ягонаи хонаводаанд, беморанд ва ё имтиёзи дигаре доранд.

Хидмат дар артиш яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон аст. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, мушкилоте ба мисли зӯргӯӣ ва камбуди ғизо бисёре аз ҷавононро аз хидмат "гурезондааст".

Барои баъзе таҳсил дар донишгоҳ ва ё муҳоҷирати корӣ роҳи халосӣ аз хидмат дар артиш шудааст. Дар чунин шароит, нақшаи даъват ба артиш на ҳамеша сари вақт иҷро мешавад ва ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, мақомот аз ҷалби маҷбурӣ ё "облава" кор мегиранд.

XS
SM
MD
LG