Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди раиси Фарғона: "Рӯдаҳоятонро ба саратон "салла" мекунам"


Шуҳрат Ғаниев

Раиси вилояти Фарғонаи Узбекистон Шуҳрат Ғаниев дар як ҷаласа раҳбарони Бюрои иҷрои иҷборӣ ва Нозироти андози ин вилоятро таҳдид кардааст, ки “рӯдаҳоятонро канда, бар саратон мепечонам”.

Соҳибкоре, ки навори суҳбати Ғаниевро фиристод, мегӯяд, онро 22-юми май дар як ҷаласа дар бинои ҳукумати вилояти Фарғона сабт кардааст. Ғаниев аз раҳбарони Бюрои иҷрои иҷборӣ ва Нозироти андози вилояти Фарғона "хоиноне ном мебарад, ки аз зери дор гурехтаанд".

"5-10 соли умрат дар зиндон хоҳад гузашт. Ба ман фарқ надорад, ки ту раҳбари Бюрои иҷрои иҷборӣ ҳастӣ, ё ниҳоди дигар. Дар ҳар сурат шумо, лаънатиҳоро зиндонӣ хоҳам кард. Худро базӯр қапида истодаам, вагарна рӯдаҳоятонро канда, бар саратон мепечонам", -- мегӯяд ӯ.

Раиси вилояти Фарғона дар идома меафзояд, раиси ду ниҳоди мазкур зодаи шаҳри Тошканд ҳастанд ва ба вилоят зарари зиёде расондаанд.

"Шумо пас аз таъйин шудан ба вазифаҳои раҳбарӣ дар Фарғона вилояти моро ба ботлоқ андохтед. Бори дигар огаҳ мекунам, ки ҳардуяшонро зиндонӣ хоҳам кард. Агар нақшаро дар моҳи май иҷро накунанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд. Ба ман ин гуна хоинҳо лозим нест. Онҳо мо - фарғонагиҳоро масхара доранд. Инҷо маҳз онҳое ҷамъ шудаанд, ки аз таги дор гурехтаанд", -- изҳор медорад Ғаниев.

Шуҳрат Ғаниев бо кадом сабаб раҳбарони Бюрои иҷрои иҷборӣ ва Нозироти андози Фарғонаро сахт сарзаниш мекунад, маълум нест. Вале аз суҳбатҳои ӯ фаҳмида мешавад, ки онҳо нақшаро иҷро накардаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Нашрияи мустақил дар Хатлон аз утоқи корӣ берун шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00
XS
SM
MD
LG