Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон аз "меъёрҳои дугона" дар мубориза бо терроризм интиқод кард. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки "террорист террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ "худӣ" ва "бегона", "ислоҳотхоҳ"-у "тундгаро" ва "нек"-у "бад" буда наметавонад.

Ин матлабро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми май зимни суханронӣ дар оғози ҳамоиши "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил", баён дошт. Ин ҳамоиш бо ҳузури мақомоти беш аз 50 кишвар ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар "Кохи Сомон"-и Душанбе идома дорад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин суханронӣ аз ҷумла, ба зарурати даст кашидан аз истифодаи "меъёрҳои дугона" дар мавқеъгирӣ нисбат ба созмону гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро таъкид кард. Ӯ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм назари ягона надоранд ва аз сиёсати "меъёрҳои дугона" дар мубориза бо терроризм интиқод кард.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ғарб, дар муносибат бо терроризм бархӯрди яксон доранд ва аз ҷумла раҳбарони ИМА, ИА, Чин, Русия ва кишварҳои дигар низ гуфтаанд, ки ин падидаро хоси қавму миллат ё дину мазҳабе намешуморанд. Бархе аз ин давлатҳо дар ҷанги зидди ваҳшатафканӣ дар манотиқи гуногуни олам ширкат мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита ба кишвар, гурӯҳ ва ё созмоне ишора накард. Аммо дар гузашта мақомоти тоҷик аз кишварҳои аврупоӣ барои паноҳ додани аъзои ҳизби мамнӯи Наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави худ, изҳори норозигӣ карда буданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2015 Ҳизби наҳзати исломиро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Мақомот гуфтанд, ки ҲНИТ дар ташкили ошӯби мусаллаҳонаи соли 2015 даст дорад, вале ин ҳизб иттиҳомотро рад мекунад ва онро баҳонаи берун ронданаш аз кишвар мешуморад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар гузашта аз дигар кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ низ хоста буд, ки ин ҳизбро созмони террористӣ эътироф кунанд. Аммо онҳо ба чунин иқдом даст назадаанд.

Амнияти Абдуназар, муовини роҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи ин изҳороти президент Раҳмон гуфт, ки бисёр кишварҳои ҷаҳон дар нисбати террористон мавқеи яксон доранд. Ҳарчанд, ба гуфтаи вай, ҳолатҳое ҳастанд, ки бархе аз кишварҳо созмонҳоеро террористӣ унвон мекунанду, кишварҳои дигар онро ҳаракатҳои озодихоҳ меноманд.

Ӯ Абдуназар афзуд:“Ҷолиб ин нукта аст, ки терроризм асосан дар кишварҳои мусалмонӣ ва фақир зуҳур мекунад. Сабабаш дар он аст, ки ҳуқуқҳои оддии мардум нақз мешаваду онҳо водор мешаванд ба созмонҳои террористӣ бипайванданд. Яъне, заифии иқтисодии кишварҳо сабаб мешавад, ки терроризм дар ин кишварҳо зуҳур кунад”.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари дигари тоҷик бар ин назар аст, ки бархе аз кишварҳо созмонҳои дохилии худро террористӣ ва ифротгаро эълон мекунанд, ҳарчанд дар фаъолияти онҳо чунин зуҳурот мушоҳида намешавад. Ба ин далел, ҷомеаи ҷаҳонӣ ин иддаои мақомоти ин кишварро қабул надоранд.

Ӯ гуфт, ба эҳтимоли зиёд раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни таъкид ба "террористони худиву бегона" Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро зери назар дошт, ки намояндаҳояш дар кишварҳои ғарбӣ озодона фаъолияту зиндагӣ доранд.

Ба эътиқоди ин таҳлилгари тоҷик, нахуст мақомотро зарур аст меъёрҳои созмонҳои ифротиву террористиро муайян карда, даст доштани созмоне дар ин иттиҳомро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит созад.

Дастрасии террористон ба фанновариҳои навин

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии рӯзи 17-уми май ҳамзамон "аз дастрасии террористон ба фановариҳои нав" низ изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, ин гурӯҳҳо аз дастовардҳои технологияҳои иттилоотӣ барои паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ ва ҷалби афрод ба сафҳои худ, истифода мекунанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин омори наверо дар робита ба афроди бозгашта аз кишварҳои ҷангзада эълон кард. Мавзӯе, ки дирӯз Абдулло Навҷувонов, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамоише вобаста ба нишасти имрӯз аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳоло зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони худро, ки дар сафҳои гурӯҳҳои тундгаро, аз ҷумла "Давлати исломӣ" қарор доштанд, ба Тоҷикистон баргардониданд.

Ба навиштаи матбуоти байнулмилалӣ, Тоҷикистон дар ин раванд пешгоми Осиёи Марказӣ буда, ҳанӯз аз соли 2014 ба баргардондани "ҷиҳодиён" аз Ховари Миёна оғоз кардааст. Барои ин дар соли 2015 ба қонунҳои кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуд ва мақомот гуфтанд, онҳоеро, ки пушаймон шуда, аз Ироқу Сурия баргаштаанд ва аммо ҳангоми он ҷо буданд, даст ба ҷиноят назадаанд, афв мекунад.

Аз он вақт то ҳоло, ба гуфтаи коршиносони байнулмилалӣ, аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба Ховари Миёна рафта буданд, зиёда аз 290 нафар ба кишвар бозгардонида шуданд.

Тоҷикистон ҳамчунин талош кардааст, занону кӯдакони ҷангиёнро низ ба ватан баргардонад. Аз ҷумла, шаби 30-юми апрел 84 кӯдаки тоҷик аз зиндонҳои Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуданд. Модарони бисёре аз онҳо барои ҳамзистӣ бо аъзои гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ", зиндонӣ гардидаанд. Ин кӯдакон ҳоло дар осоишгоҳи Харангони Варзоб нигоҳубин мешаванд.

"Пешвоҳои ДИИШ дар Ироқ тиҷорати қонунӣ доранд"

Муовини вазири умури хориҷии Русия Олег Сиромолотов гуфт, дар наздиктарин фурсат дар Маскав музокироти коршиносони Тоҷикистону Русия дар масоили мубориза бо терроризм баргузор мешавад.

Сиромолотов рӯзи 17 май дар сӯҳбат бо оҷонсии ТАСС гуфт, ки ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар ин масъала идома дорад ва базудӣ фурсати баргузории мулоқоти дуҷониба дар Маскав фаро мерасад. Ӯ гуфт, ки соли гузашта айни чунин мулоқот дар Душанбе дар сатҳи вазорати хориҷаи ду кишвар барпо шуда буд ва дар кори он намояндагони сохторҳои ҳифзи қонун иштирок карданд.

Сиромолотов, яке дигар аз ширкатдорони конфронси байналмилалӣ дар Душанбе, зимни суханронӣ ба хатарҳои бозгашти ҷангандаҳои узви гурӯҳи «Давлати исломӣ» таъкид кард. Вай гуфт, ки ин ҳолат боиси эҷоди хатар ба амният мешавад.

«Ҷангҷӯён ҳангоми бозгашт аз Ховари Миёна ба маконҳои аввалияи худ ва кишварҳои сеюм, шабакаҳои ҷалби ҷангиён ва ҳам «ячейкаҳои хобе» эҷод мекунанд, ки дар ҳама ҳолат омода ҳастанд даст ба амали террористӣ зананд".

Дипломати рус гуфт, ки террористон «аз ихтилофи назар дар миёни аъзои ҷомеаи байналмилалӣ дар заминаи масоили мубориза бо терроризим ва нокомил будани қонунгузориҳои кишварҳо дар ин замина истифода мекунанд».

Ба гуфтаи Сиромолотов, гурӯҳҳои террористӣ дар баробари ҳифзи идеологияи худ, аз ҳисоби ҷиноятҳои фаромиллӣ сармоя ба даст меоранд: «Пешвоҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Ироқ ва дигар кишварҳои Ховари Миёна аз ҳисоби тиҷорати қонунӣ дар бахши хариду фурӯши мошин, маҳсулоти электронӣ ва маводи тиббӣ даромад мебинанд».

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG