Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский ба ҳайси президенти Украина савганд ёд мекунад


Порлумони Украина рӯзи маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби ин кишвар Владимир Зеленскийро ба 20-уми май таъин кард.

Андрей Порубий, раиси порлумони Украина гуфт:

"Мо қарор кардем, ки маросими бахшида ба савгандёдкунии президенти интихобшуда Зеленский соати 10-и субҳи 20-уми май дар Верховная Рада баргузор шавад."

Дар пайи таъхир дар тасмимгирии порлумони Украина, Зеленский аъзои маҷлисро дар он муттаҳам кард, ки махсус дар ин масъала истиҳола мекунанд, чунки ҳарос доранд, ӯ ҳайати кунунии Радаро пароканда хоҳад кард.

Владимир Зеленский, як ҳаҷвнигори маъруф, тавонист дар ду даври интихобот бо дарсади хеле баланд аз президенти амалкунанда Петро Порошенко пеш гузарад. Ба тарафдории Зеленский дар овоздиҳии ниҳоии рӯзи 21-уми апрел беш аз 73 дар сади мардум раъй доданд, дар ҳоле ки шумори тарафдорони Порошенко наздики 24 дарсад будааст.

Аз санаи савгандёдкунии президент замони раҳбарии расмии ӯ дар кишвар оғоз мешавад.

Владимир Зеленский 41 сол дорад. Вай ҳунарпеша, шоумен ва продюсер ва раиси студияи "Квартал-95" буда, то ширкат дар интихоботи президентӣ ба сиёсат машғул набуд ва ҳеҷ гоҳ мансаби давлатӣ низ надошт.

XS
SM
MD
LG