Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз "секунҷа" ба "сегона" ва он гоҳ "сеёр"-и тоҷикӣ


Исматуллоҳи АЗИЗ
Исматуллоҳи АЗИЗ

Дар заминаи як матлаби созмони таҳқиқотии OCCRР бо номи "Ғуруби наҳзати исломии Тоҷикистон" гуфтугӯе оғоз ёфт, ки инак, идома дорад ва дар баҳс ҷанбаҳои гуногуни масъала омӯхта ва арзёбӣ мешаванд.

Рӯзи 9-уми май "Блогистон" андешаҳои донишманди саршиноси тоҷик Ҳафиз Бобоёровро дар посух ба матлаби "OCCRР: Ғуруби наҳзати исломии Тоҷикистон"нашр кард. Муаллиф дар мақолааш "Таҳрифи таърих ба хотири машруияти исломи сиёсӣ" дидгоҳи худро ба таърихча ва ширкати ҳизби дар Тоҷикистон манъшудаи Наҳзати Исломӣ ва истифодаи сиёсӣ аз дин баён дошт. Баъд аз он гуфтугӯро шоир ва рӯзноманигори шинохта Зафари Суфӣ бо матлаби "Таҳаммулгароӣ. Сулуке дар марзи нафрат ё қаламрави муҳаббат?" идома дода, равандҳои сиёсӣ ва шеваи мубоҳиса пиромуни онҳоро мавриди гуфтор қарор дод. Сипас гуфтугӯро рӯзноманигори тоҷик Амруллоҳи Низом бо руҷӯъ ба бархе аз нукоти матраҳкардаи Ҳафиз Бобоёров давом дод ва акнун донишманди дигари тоҷик Исматуллоҳи Азиз низ назар медиҳад. Лозим ба зикр аст, ки дар "Блогистон" нуқтаназарҳои гуногуне нашр мешаванд, ки баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ нестанд ва ҳадаф аз нашри онҳо додани имконияти гуфтугӯ ба афрод аст. (Сардабири "Блогистон")

Исматуллоҳи АЗИЗ

Аз "секунҷа" ба "сегона" ва он гоҳ "сеёр"-и тоҷикӣ

Мақоли халқист, ки "аз борон гурехта, зери новдон мондем». Аз "вовчик"-у "юрчик" халос нашудем, ки дар тамғаҳои ҳукуматӣ ва наҳзатӣ ва баҳсҳои «гарм»-и ҷонибҳо задем. Баҳсҳо ҳам чунон зиёд шуд, ки ҷомеаро дар назарамон мисли секунҷа вонамуд мекунад. Кунҷи А -- ҳукуматиҳо, кунҷи Б - мухолифон ва кунҷи В - донишмандон ва хабарнигорони мустақил.

“Ғуруби наҳзати исломии тоҷик” (навиштаи созмони таҳқиқотии OCCRP) ва «Таҳрифи таърих ба хотири машруияти исломи сиёсӣ» (навиштаи донишманди тоҷик Ҳафиз Бобоёров) гувоҳи онанд, ки ҳануз роҳи тайнашуда то расидан ба идеяи "всеединства" ё "ваҳдати ҳамагонӣ»-и файласуфи рус Владимир Соловйев хеле дароз аст.

Замони шуравӣ низ чунин мулоҳизаҳо буд ва аслан дар ҳар замон ва ҳар ҷамъияте буд, ҳаст ва мемонад, аммо чаро мо аз шуравӣ ном бурдем, чун баъзан шабоҳатҳо дар муборизаи ҷонибҳо мушоҳида мешавад. Ва натиҷа ҳам чӣ шуд, ба кӯри модарзод низ маълум аст. Аммо нукоте, ки ҳанӯз актуалист:

1) омиле, ки рақибонро таҳрик медиҳад ва ҳатто дар баъзе маврид ба ҳадди ифрот мерасонад, чист?

Яке аз омилҳое, ки рақибонро таҳрик медиҳад ва гоҳе то ба ҳадди ифроту тафрит мерасонад, баромадан аз ҳадди инсоф ва гузаштан аз хати қирмиз аст. Барои намуна, авохири замони Шуравӣ «убури марзи шарики иртиботи худ» ба маротиб афзуд буд ва, албатта, ВАО дар он нақши калон дошт. Шурӯъ аз соли 1987 маводҳои атеистӣ, ки дар онҳо ҳатто буҳрони иқтисодиву иҷтимоиро низ аз диндор медиданд, рӯз то рӯз зиёд мешуд, ки натиҷа чӣ шуд, кунҷҳои А, Б ва В ҳама хуб огоҳанд, ки ҳоҷати баёнаш нест. Ба қавли Е. Г Сосновских, мушкил ва заъфи касбии рӯзноманигорони он замон ин буд, ки тавони шинохт ва ҷудо кардани масоилеро надоштанд, ки ба эҳсоси диндорон латма мезаданд. Мутаассифона, ин буҳрони шинохт то имруз домангирамон аст. Барои рафъи вируси норасоии шинохт, С. В. Иваненко, ки таҷрибаи зиёда аз 35-сола дар шинохт ва таҳқиқи динҳо (на Ислом) ва мазоҳибро дорад, тақвияти диншиносиро дар хамаи сохторҳои қудратӣ тавсия медиҳад. Агар ин тавсия дар секунҷаи (А,Б, ва В, ки боло гуфта шуд) мо амалӣ мешуд, нуран алонур мегашт. Чиро? Чун вақте миёни кунҷи А ва Б (А-хукуматӣ ва Б- наҳзатӣ) радду бадалҳои сиёсӣ ба вуҷуд меояд, кунҷи В низ, чи аз дохил ва чи хориҷ бо гумони ин ки ба кунҷи Б мубориза мебаранд, баъзе маворид эҳсоси умумро нодида мегиранд, ки ин ҳам аз хирад нест. Ва аммо як нуктаи дигарро низ бояд қайд кард, ки «масъулият ва хизмати хирсона»-и ВАО-и солхои 1987 –ро ин руз Фейсбук бар дӯш дорад.

2) нуктаи калидӣ, ки дар он ба ҳам намеоянд, кадом аст?

Ва инак, мушкили аслӣ, ки ҷонибҳо ба ҳам намеоянд, ин аст, ки ҳар яке мехоҳад ислоҳотро дар ҷониби рақиби худ бинад, на дар ҷониби худ. Аммо ба таъбири Мавлоно агар:

Дар кафи ҳар як агар шамъе будӣ,

Ихтилоф аз гуфтанаш берун шудӣ.

Дарвоқеъ агар гуруҳҳо ва ашхоси алоҳидаи тоҷик ба ҷои силоҳ (солҳои 1990) ва ба ҷои қаламхои тези оштинопазир дар ҳоли ҳозир, шамъи мавриди назари Мавлоноро ба даст мегирифтанду гиранд, миллат, ки дохили он секунҷаи номуайян қарор дорад, аз рушноии шамъи онҳо ба хубӣ истифода мекунад ва сазовори зиндагие мешавад, ки бояд бошад.

3) ва нуктаи охир ва акуталӣ, ки маврид ба зикр аст, ин омилҳои қонеъкунанда иҷтимоист.

Дар ин нукта, ё беҳтар аст, гуфта шавад, нуқта, бояд кунҷҳои А, Б ва В омилҳои қонеъкунандаи иҷтимоӣ ва боварҳои мардумро нодида нагиранд, ки ба назари М. И. Одинцов, ин яке аз омилҳои асосии саботи иҷтимоӣ ба шумор меравад. (ниг: Русская православная церковь в XX веке: история, взаимоотношения с государством и обществом / М. И. Одинцов. − Москва : ЦИНО, 2002. – 41 с.) Бо иҷоза барои ҷонибҳо ёдовар мешавам, ки инсон чун махлуқи иҷтимоиву фарҳангӣ лоиқ ва сазовори зиндагии олист. Вале бояд гуфт, ки зиндагии олӣ ҳам чунон ки барои баъзеҳо моддист, барои бархи дигар маънавистт ва ба боварҳояшон дахл дорад. Масалан, замони Шуравӣ, ки мардум аз лиҳози моддӣ, харидану, хӯрдану пӯшидан танқисӣ намекашид, аммо бо ин вуҷуд номаи дастаҷамъонаи нафақахӯрон воқеияти радношуданиеро баён мекунад. Номае, ки соли 1988 ба номи М.С. Горбачев фиристода шуд: «Мы, старики, обращаемся к Вам с просьбой, попросите наших руководителей, чтобы нам открыли церковь. Нам, старикам, много не надо, да и вообще ничего хорошего не видели.» (ниг: Дискурсивные формации периода перестройки: верующие и партийно-государственные руководители о конфессиональной политике (1985-1991) / Е. Г. Сосновских // Вестник Южно-Уральского государственного университета. – 2016. – Т. 16. − № 3. – с. 41) Таваҷҷуҳ кардед? «вообще ничего хорошего не видели», чаро? Чарояш дар зеҳни ҳар хонанда ҳаст ва мо мепардозем ба асли матлаб.

Ба чои хулоса ё асли матлаб

Ростӣ, ҳеч як аз тарафҳо ва ашхоси алоҳида, ки матолибашонро боло зикр кардем, инҷонибро водор ба навиштан накард. Ва эҳсосам бар ин аст, ки миллат низ то ҷое хаста шудааст аз радду бадалҳои бенатиҷаи ҷонибҳо ва ашхоси мустақил. Бале, суол кардед, ки, пас чаро навиштам(!), ягона муҳаррикам ин ҷумлаҳост ва узр барои иқтибоси тулонӣ:" То замоне ки ҳар як аз аъзои ҷомеаи тоҷик ба ҳамдигар аз дидгоҳи нафрат менигарад ва дар муносибат бо ҳам мавқеъи сиёсиву иҷтимоиро дар авлавият қарор медиҳад, дидгоҳи худро ҳақиқати мутлақ мепиндорад, ба хотири манфиати шахсӣ ва гурӯҳӣ алайҳи ҳамтабори худ метозад, сухан кутоҳ ба нерӯи сӯзандаи нафрат такя мекунад, мо ба осоиш, оромиш, озодӣ, ободӣ, рушди собит ва ваҳдати миллӣ даст нахоҳем ёфт. Агар воқеан дилсӯзи миллатем ва иддаои ватандӯстӣ, инсонгароӣ ва мардумсолориямон фақат барои пинҳон кардани ҳадафҳову ғаразҳои шахсиямон набошад, пас, бояд ба ҳамдигар аз дидгоҳи муҳаббат ва меҳр бингарем. Албатта ин ба он маъно нест, ки аз норасоиву иштибоҳи ҳамдигар чашм бипӯшем, балки онро бигӯем ва бо лаҳни беғараз, дӯстона ва ба хотири ислоҳ бигӯем. Ҳукм содир карданҳо ва он ҳам бар пояи эҳсос ва ё ғараз ба ҳеч ваҷҳ боиси ислоҳ нахоҳад шуд."(Зафари Суфӣ)

Ин ҷумлаҳо мисоли шахси севум ва доварро мемонанд, ки мехоҳад ҷомеаи маҷозии тоҷик, ки алҳол шакли секунҷаро гирифтааст, ба хотири ҳамтаборӣ ва манофеи миллӣ ба ҳам биёяд. Ин хитоб аз он ҷо маншаӣ гирифтааст, ки муаллиф мехоҳад, радду бадали тарафҳо, донишмандон ва шахсиятҳое аз зовияи муҳаббат берун ояд. Чизе, ки чандин соли охир анқариб дида намешавад. Он ҳам дар як марҳалаи сангин ва сарнавиштсоз!

Агар мардум ва қавму қабилаҳо дар асоси боварҳояшон мунтазири наҷотдиҳандае бошанд, масалан, исломиён дар умум мунтазири Маҳдӣ ва масеҳиён мунтазири Исо ва қабилаҳое чун олтойиҳо мунтазири Ойротхо(а)н ва… бошад, пас тоҷик мунтазири чист?

Фақат нагӯед, ки мунтазири арзоншавии патент!!! Ман хамчун як фарди мустақил, комилҳуқуқ, дорои ҳисси миллӣ ва эҳсосу дарки иҷтимоӣ ва як дарқафасмондае андаруни ин секунҷа, ки ҷомеаи маҷозии тоҷикро пур кардааст, мунтазири сегонаи муқаддаси иҷтимоӣ (социальная троица) ҳастам, ки ҳадаф аз навиштаам низ ҳамин аст.

Бале, сегонаи муқаддас, ҳамоне, ки файласуфи рус В. Соловйев омаданашро омили асосии сабот ва хотимаи муноқишаҳо дар ҳар ҷамъияте ва ба нафъи ҳар миллате медонад. Ба бовари ӯ, ба ҳам омадани калисо, давлат ва ҷомеа омили асосии сабот ва роҳи гурез аз хушунатҳо мебошад. Инҷониб бар ин бовар аст, ки ҷомеаи мо низ ниёз ба чунин як наҷотбахш ва ҳамгироӣ ба хотири миллат ва манофеи миллӣ ниёз дорад.

Ин ҷо, албатта, як масъалаи дигарро низ бояд гуфт, то малоли хотири касе нашавад. Сегона ё сеёри мавриди назари мо аз сегона В. Соловйев фарқи зиед дорад. Ончӣ мавриди назари мост ва мутмаинам, ки он ба нафъи миллат ва манофеъи миллист, ин аст, ки сегонаи мо на теократизм ва на деспотизм, балки дар асоси тезиси «всеобщая свобода»-и Гегел тартиб ёфтааст. Ҳатман, ки ҷонибҳо ва шахсони алоҳида аз се қонуни диалектики файласуфи номдори немис Гегел огоҳанд, пас яке аз он қонунҳо ки «закон перехода количественных отношений в качественные» аст, чӣ гуна тавзех медиҳанд? Дуруст, ки файласуф мухолифатҳоро сабаби рушд ва инкишофи ҷомеа медонад, аммо ҳанӯз мухолифатҳо ба ҳаҷм (количество)-е нарасида, ки ба сифат (качество), ки ҳамон ба ҳам омадани секунҷа (ҳукуматиҳо, мухолифин ва шахсони мустақил, ки иборат аз донишмандону хабарнигорон аст) ва сегонаи точикист, гузарем? Чӣ қадар вақт бояд мунтазир шуд, то секунҷаи тоҷик ба сегона ва сеёр табдил ёбад? Ва аслан ин худ шуданист, бо ҳолу ҳавое, ки дорем?

Исматуллоҳи АЗИЗ,

унвонҷӯи риштаи фалсафа ва ахлоқ

дар Донишгоҳи Давлати Олтой, Русия

XS
SM
MD
LG