Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посух ба баъзе аз андешаҳои Ҳафиз Бобоёров


Амруллоҳи Низом
Амруллоҳи Низом

Дар заминаи як матлаби созмони таҳқиқотии OCCRР бо номи "Ғуруби наҳзати исломии Тоҷикистон" гуфтугӯе оғоз ёфт, ки инак, идома дорад ва дар баҳс ҷанбаҳои гуногуни масъала омӯхта ва арзёбӣ мешаванд.

Рӯзи 9-уми май "Блогистон" андешаҳои донишманди саршиноси тоҷик Ҳафиз Бобоёровро дар посух ба матлаби "OCCRР: Ғуруби наҳзати исломии Тоҷикистон" нашр кард. Муаллиф дар мақолааш "Таҳрифи таърих ба хотири машруияти исломи сиёсӣ" дидгоҳи худро ба таърихча ва ширкати ҳизби дар Тоҷикистон манъшудаи Наҳзати Исломӣ ва истифодаи сиёсӣ аз дин баён дошт. Баъд аз он гуфтугӯро шоир ва рӯзноманигори шинохта Зафари Суфӣ бо матлаби "Таҳаммулгароӣ. Сулуке дар марзи нафрат ё қаламрави муҳаббат?" идома дода, равандҳои сиёсӣ ва шеваи мубоҳиса пиромуни онҳоро мавриди гуфтор қарор дод. Имрӯз гуфтугӯро рӯзноманигори тоҷик Амруллоҳи Низом бо руҷӯъ ба бархе аз нукоти матраҳкардаи Ҳафиз Бобоёров давом медиҳад. Лозим ба зикр аст, ки дар "Блогистон" нуқтаназарҳои гуногуне нашр мешаванд, ки баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ нестанд ва ҳадаф аз нашри онҳо додани имконияти гуфтугӯ ба афрод аст. (Сардабири "Блогистон")

Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор

Посух ба баъзе аз андешаҳои Ҳафиз Бобоёров

Андар нақди баъзе аз андешаҳои ҷаноби файласуф Ҳафиз Бобоёров дар партави истилоҳи "исломи сиёсӣ"

Агар инсон, ба гуфтаи падари фалсафа – Арасту, “ҷонвари сиёсӣ” аст ва ин ҷонвар дин ҳам дорад, ки маслаку маромаш аст, оё метавонад, дини ӯ ғайрисиёсӣ бошад?

Ба назари банда, ҳамчун як фарди мусалмон, Ислом ҳамчун дини оламшумул танҳо сиёсӣ ва ё ғайрисиёсӣ буда наметавонад, айнан, мисли он ки касе наметавонад иддао кунад, ойинҳои мазҳабии қаблазисломӣ ба мисли яҳудият, масеҳият, монавият, зардуштия, будоият ва ғайра танҳо ҷараёнҳои рӯҳонӣ будаанду ба дунё ва давлат, ба зиндагии инсон дар ҷомеа коре надоштанд. Ислом дар тӯли беш аз 1400 соли машрӯияти худ собит кардааст, ки он ойини диндориву давлатдорӣ ва сиёсатгузориву ҷомеасозӣ низ ҳаст. Барчаспи "исломи сиёсӣ" беасос аст ва наметавон сиёсатмадарони мусалмон ё мусалмони сиёсатмадорро танҳо ба далели динашон аз ҳаққи ҳастӣ маҳрум ва ё аз саҳнаҳои сиёсат ҳазф кард, айнан мисли он ки ҳеч кас ҷуръат намекунад бигӯяд, ки бояд сиёсатмадорони масеҳӣ, яҳудӣ, буддоӣ ва зардуштӣ танҳо ба хотири доштани афкор ва андешаҳои мазҳабиашон ва ё барчаспҳои бепояи “масеҳияти сиёсӣ”, "яҳудияти сиёсӣ” ва ғайра аз саҳнаи сиёсат ҳазф ва аз ҳаққи зиндагӣ маҳрум карда шаванд. Чунин талош ба маъние хоҳад буд, ки касоне аз рӯз то рӯз тангтар шудани ҷойгоҳи иҷтимоии худ дар хеле аз кишварҳои исломӣ ҳарос доранд ва ин тарси худро ба як дини ҷаҳонӣ рабт медиҳанд. Боз бадтар аст, ки ба чунин талош “ҷомаи илмӣ” пӯшонда шавад. Ин кор як ном хоҳад гирифту тамом: “Исломҳаросӣ”.

Бо вуҷуди чунин мавқеъгирияш муҳтарам Ҳафиз Бобоёров, нагуфтааст, ки мусулмонҳо дар сиёсат иштирок накунанд. Вай меафзояд: “Не, дар ҳеч сурат чунин нагуфтаам. Балки тамоми талошам ин буда, ки мусулмонҳо дар сиёсат иштирок кунанд, то ҷомеа ва зиндагии шоистае дошта бошанд. Фақат гуфтаам, дар сиёсат аз номи дину худо истифода накунанд, чун динро ба сиёсат кашидан ҳам барои худи дин ва ҳам барои сиёсат беоқибат аст." Ҳоло агар манзури ӯ ва ҳамандешонашон ин бошад, ки мусалмонони сиёсатмадори дорои андеша ва афкори исломӣ дар кишвар, дар сиёсат иштирок кунанд, ин ҳарф амалан ба мавқеъгириҳо ва андешаҳои онҳо мувофиқат намекунад, зеро ӯ ва ҳамақидаҳояш дар ҳукумат як самти муборизаашон маҳдуд бар алайҳи сиёсатмадорони дорои андеша ва афкори исломӣ буд, ҳаст ва идома хоҳад кард. Ба иборати возеҳтар, дар Тоҷикистон расман 8 ҳизби сиёсӣ амал мекард, ҳоло ҳафтоанд, тамоми онҳо, ҳатто сиёсатмадорони тоҷик аз ҳизби коммунист ҳам худашонро мусалмон мегуфтанд, аммо муборизаи асосии ҳукумат ва ҷаноби Ҳафизу дигар ҳаммаслаконаш алайҳи сиёсатмадорони тоҷик аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дорои афкор ва андешаҳои исломӣ ҳастанд, қариб, ки маҳдуд гардидааст, на тамоми ҳашт ҳизб. Замоне ҳам ки раҳбари Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии (МОРМОИ) "мансуб" ба Академияи илмҳо буд, яке аз ҳадафҳои аслии марказ зарба задан ба баданаи сиёсатмадорони мусалмон дар симои раҳбарият ва пайравони ҲНИТ буд ва то кунун ин ҷараён идома дорад. Муҳтарам файласуф илова мекунад, «ҳизбе, ки аз номи дин баромад мекунад, ҳар интиқоде ба иштибоҳашро чун тавҳин ба номи дину худо ва пайғамбар тафсир медиҳад ва мардумро бар зидди интиқодгар мешӯронад. Мегӯяд: Ин интиқодгар душмани дину худо ва пайғамбари мо аст.”

Аз як нигоҳ афроде, ки чунин мепиндоранд ё то кунун ойини диндориро дуруст нашинохтаанд ва ё шеваҳои беғарази интиқод карданро наомӯхтаанд ва ё ҳар дуро хуб медонанд, вале бидуни ғараз ва кинатӯзӣ интиқод карда наметавонанд. Ба фарзи мисол, ман ҳамчун як мусалмон баъзе амалкардҳо, мавқеъгириҳо ва дидгоҳҳои ҲНИТ ва раҳбарияти олии онро беш аз даҳ сол аст, ки бидуни ғараз, расман ва аз тариқи расонаҳо интиқод мекунам ва амалан дар баъзе нишастҳои хурду бузург ҳузурӣ бо эшон ширкат карда, фикру назар ва дидгоҳҳоямро бо далелҳои доштаам барояшон мегӯям, то кунун не кофирам хондаанду ва не душмани Худо ва Паёмбараш (с) эълон кардаанд. Бо ин вуҷуд, бо тамоми раҳбарияти олии он муносибати хуб дорам, гоҳ дар маҷолис ва гоҳе дигар сари як хон нишаста ғизо ҳам мехӯрем. Чандин касони дигареро ҳам мешиносам, ки мисли ман ва ё аз ман беҳтару сахттар баъзе амалкардҳои ин ҳизбро интиқод мекунанд, вале беғараз, дар баробар бидуни ягон мушкиле муносибати хуб ҳам бо аъзо ва ҳам бо раҳбарияти онро доранд. Ин ки ҷанобашон таъкид мекунад, «дигар фаъолияти ин ҳизб манфиатҳои маҳдуди гурӯҳеро аз номи дину худо ҳимоя мекунад. Пеш аз ҳама, зарба ба худи дин зада мешавад, ки пайравонаш эътиқоди ботинӣ надоранд, балки барои манфиатҳои шахсӣ зоҳирнамоӣ мекунанд.»

Дар тамоми дунё ва барои тамоми мардум мисли офтоб рӯшан аст, ки ҳар як ҳизби сиёсӣ ва ё ҷараёнҳои илмиву фарҳангӣ, фароғатӣ ва ҳатто варзишӣ амалан наметавонанд манфиатҳои тамоми мардумро пурра ва баробар ҳимоят кунанд, айнан мисли ҳизбҳои сиёсии кишварамон, ки ҳар кадом дар алоҳидагӣ манфиатҳои гурӯҳҳои хоси худро дар авлавияти кор қарор медиҳанд, аммо ин ки «дилсӯзона» мегӯяд, «зарба ба худи дин зада мешавад», касоне, ки ӯро бо чунин дидгоҳҳои зиддидиниашон мешиносанд, ҳамон ҳикояи «хурӯс ва рӯбоҳ» ва ё ҳикояи «гургу гӯсфанд»-ро ба хотир меоранду бас. Вай дар идома бидуни кадом далелу бурҳон ҳам бебокона пайравони ҳизбҳои диниро ба надоштани эътиқоди ботинӣ муттаҳам мекунад, ки ин хеле таассуфовар аст. Магар ҷаноби файласуф синаҳои онҳоро шикофта, ҷарроҳӣ карда, аз ботини онҳо огоҳ гаштааст, ки ин иттиҳоми беасосро ба диндорон мезанад?

Ислом ба зоҳири аъмоли мардум ҳукм мекунад, на ботини онҳо. Дунёи муосир ва кишварҳои мардумсолор ҳам ба зоҳири рафтору кирдори мардум дар ҷомеаҳо баҳо медиҳанд, на ба он чӣ дар қалбҳо ниҳон доранду дар мағзҳояшон меандешанд. Намефаҳмам, чиро баъзеҳо ҳузури ҳизбҳои диниро дар кишварҳои исломӣ нораво ва ҳатто дар ҳадди ҳаром дониста, мардумро аз номи динашон метарсонанд? Мантиқи салим ҳеч инро қабул намекунад, ки мардум ва ё аксари сокинони як деҳа, ё як шаҳр ва ё як кишвар соле дувоздаҳ моҳ ва ё тамоми умр аз як ойин пайравӣ кунанд, рӯзона ба мисли мусалмонон панҷ ё шаш маротиба баъзе маросими мазҳабиашонро дар алоҳидагӣ ва ё бо ҷамоат анҷом диҳанд, боз афроде рафта онҳоро тарсонда, гӯянд: агар ҳамин дине, ки шуморо ба ҳам овардааст, дар байни шумо тухми меҳру муҳаббат коштааст, ба қудрат бирасад, ҳоли ҳамаи шуморо табоҳ мекунад. Ин кори онҳоро ман исломҳаросӣ ва динситезӣ меномам, на чизе дигар!

Файласуфи муҳтарам мӯътақид аст, ки тавассути ҳузури ҳизби динӣ дар кишвар «зарбаи дигар ба ҷомеа зада мешавад, ки на ҳизбе мавриди писанду ҳимояи мардум мешавад, ки барномаи беҳтару комилтари ислоҳоти ҷомеа дорад, балки номи дину худоро монополия кардааст. Барои он ки ҳизбҳои дигар бо ҳизби динӣ рақобатпазир гарданд, на ба барномаи фарогири сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, балки ба номи динӣ ниёз доранд.»

Аммо воқеияти мардум ва ҷомеаҳо ин тавр нест, ки онҳо мепиндоранд. Фарз кардем, як гуруҳе биоянду бигӯянд, мо "Ҳизби Худоӣ"-ем, вале ҳеч барномае барои рушду шукуфоии давлат ва сарбаландии миллату рифоҳи ҷомеа надошта бошанд, ба мардум бигӯянд, ҳар касе ба мо раъй дод, дӯсти мо ва дигар ҳама душман ва ё рақиби мо, аммо гуруҳи дигаре биоянду ба мардум бигӯянд, мо "Ҳизби Хидматгузорем", мо ҳам барои рушду шукуфоии давлат барномаи мушаххас дорем ва ҳам барои сарбаландии миллату рифоҳи ҷомеа, агар шумо ба мо раъй бидиҳед, қавл медиҳем, ки ояндаи шумо ва тамоми шаҳрвандону сокинони кишварро дурахшон ва рифоҳи иҷтимоии шуморо дар муддати панҷ ва ё даҳ сол таъмин мекунем, мардум ба кӣ раъй медиҳанд, албатта ба ҳизби "Хидматгузор" раъй медиҳанд ва на ба он "ҳизби Худоӣ"! Мардумро ин қадр гӯлу гаранг шумурдан дуруст нест, зеро чунин андеша ва ҳукм кардан дар зоти худаш як навъ таҳқири ғайримустақим ба тамоми миллат дониста мешавад. Ба назари ҷаноби Бобоёров «мусулмонон чун ҳамаи инсонҳо ба иштироки сиёсӣ ҳақ доранд, то зиндагии шоиста дошта бошанд. Танҳо гуфтаам, ки ҳизби сиёсӣ аз номи дину худо истифода накунад. Ин фақат марбути мусулмонҳо нест. Масеҳият то асри нав ҳукуматдор буд ва бубинед чӣ кор кард. Аз таърихи инкивизитсия хуб огоҳ ҳастед. Таърихи сӯиистифода аз дини зардуштӣ ва исломро медонед."

Аз ин мавқеъгирӣ фаҳмида мешавад, ки ҷаноби файласуф гуфтан мехоҳад, ки мусалмонон ҳаққи овоздиҳӣ дар интихоботҳо, раъйпурсиҳо ба ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳоро доранд, ба ҷуз ҳизбҳои исломӣ! Вай ҳеч гоҳ намегӯяд, ки масеҳиёни Аврупоӣ ҳақ надоранд, ки ба ҳизбҳои масеҳӣ раъй диҳанд, яҳудиёни Исроил ба ҳизбҳои яҳудӣ раъй надиҳанд, на чунин намегӯяд, зеро медонад, ки посухҳои раднопазире аз чанд ҷиҳат дарёфт хоҳад кард, инчунин ӯ намегӯяд, ки ҳизбҳои масеҳӣ ҳуқуқи идора кардани кишварҳо ба мисли Олмонро надоранд!

Не, чунин намегӯяд, фақат мегӯяд, ки сиёсатмадорони мусалмоне, ки ҳизбҳои исломӣ таъсис медиҳанд ва ё аз онҳо пайравӣ мекунанд, ки ҳаққи иштирок дар тақсимоти қудрат ва ё ба даст гирифтани идораи давлатеро дар ватани худашон надоранд, ки чунин андеша хилофи мантиқи ақли солим аст. Возеҳтар карда гӯем, афроде, ки чунин андеша доранд, дар аввал иштироки тамоми диндоронро дар сиёсат на танҳо ҷоиз, балки ба хотири манофеъи гурӯҳӣ ва инфиродӣ ҳатмӣ медонанд, чун мехоҳанд дар умум аз нерӯ ва раъйи онҳо худашон баҳра бигиранд, ба қудрат бирасанд, вале ҳамин, ки гурӯҳе аз сиёсатмадорони мусалмон бихоҳанд, ки аз тариқи интихоботҳои шаффофу озод раъйи ҳамақидаҳояшонро ба даст биоранд ва дар тақсимоти қудрати бо дигарон шарик шаванд ва ё ба танҳоӣ қудрат ва идораи давлатеро ба даст бигиранд, дарҳол аз ҷониби рақибони қудратталабашон, ки наметавонанд заъф ва ё шикасти худро пинҳон доранд, дар натиҷаи ғалабаи бухлу ҳасад ва ғаразҳои шахсиву гуруҳӣ онҳородушмани дину давлат ва хоинони миллат эълон мекунанд, ки он хилофи адолат ва ойини ҷавонмардӣ аст! Вай сипас бо таъкид мегӯяд, "дин кори виҷдони фардӣ аст, ба ҳарими хусусӣ дахл дорад. Онро набояд сиёсӣ кард, яъне ба ҷомеа баровард. Ин ба маънои фурӯхтани виҷдон ба хотири манфиатҳои дунёӣ аст".

Аммо агар дин ба танҳо ба ҳарими хусусӣ дахл медошт, сохтани ин қадр масҷиду калисову куништу ибодатгоҳҳо, мактабу мадрасаву донишгоҳҳо, ки рӯзона садҳо ҳазор маросими мухталифи мазҳабӣ дар онҳо баргузор мешавад, ва тамоми онҳо дар зоти худашон аз сиёсат берун нестанд, барои чӣ сохта шудаанд? Дар дунё беш аз чор миллиард одам аз динҳои мухталиф пайравӣ мекунанд ва аз нигоҳи имли сиёсатшиносӣ беш аз 70% дар сади ин мардум, яъне зиёда аз се миллиарди онҳо бо ҳар навъе дар корҳои сиёсӣ ва сиёсат иштирок мекунанд ва ҳар гаҳу ногаҳе як ва ё якчанд амалҳои мазҳабиашонро дар ҷомеа либоси сиёсӣ мепӯшонанд ва бо ҳар роҳе бахше аз намодҳои диниашонро ба ҷомеа бароварда ҷомаи сиёсат мепӯшонанд. Акнун агар ин ҷо ҳамон қавли машҳури падари фалсафа-Арасту, мегӯяд, «инсон як ҷонвари сиёсӣ аст», табиист, ки ин ҷонвар дину ойини худро ҳам дорад, ки дар чаҳорчӯбаи муқаррароти ойинҳои худ сукуни қалбӣ ва роҳати худро дармеёбад, ҳоло инсон, ки худаш «ҷонвари сиёсӣ аст» агар намодҳои динашро ба ҷомеа бароварда сиёсӣ кунад «виҷдонфурӯш» мешавад? Не, ин ақида ғалат аст, ва аз нигоҳи мантиқӣ ҳеч арзише ҳам надорад! Файласуфи муҳтарами мо бо такя бо хирад мегӯяд, ки бо таъсиси ҳизбҳои исломӣ «оқибати кор нохуб аст. Агар мусулмонҳо ҳизби исломӣ ташкил доданд, ғайримусулмонҳо бояд ҳизбҳои масеҳӣ, зардуштӣ, атеистӣ... таъсис диҳанд? Фикр накардаед, ки тавозун куҷо мешавад? Демукросӣ худ аз худ ғайб мезанад.»

Ба гуфти шоир, «гузаштаҳо гузаштанд,-ҷангҳои шиаву суннии асрҳои гузаштаро раҳо карда, ба фикри оянда бошед!» Дар ҷомеаҳои огоҳ ва таҳаммулпазир метавонанд намояндаҳои тамоми дину ойин дар паҳлӯи ҳам орому осуда зиндагӣ кунанд ва беҳтарин низоми мардумсолориро ҳам ба вуҷуд биоранд, то замоне, ки андешаҳо ғаразолӯде пайдо нашаванд, ҳамин падидаи наҳс аз ҳар куҷое ва ҳар самте пайдо шуд, ҳеч фарқе намекунад, ки ҳомили андешаҳои ғаразолуд кӣ ва ё кадом гуруҳ аст, диндорон ҳастанд ва динбезорон он вақт оромиши мардум ва низоми мардумсолорӣ халалдор хоҳад шуд.

Вай таъкид мекунад: "Ҳар эътиқод дар сиёсат оқибат ба тоталитаризм меанҷомад. Бадтар аз ин, ҳар эътиқоде, ки сиёсӣ шуд, бо эътиқоди дигар вориди ихтилофи оштинопазир мешавад". Ман ба ин андеша ҳам розӣ шуда наметавонам. Зеро ҳамин, ки мегӯед, ба ҳеч дине боварманд нестед, ҳамин ҳам дар зоти худаш як навъ эътиқод аст. Аз нигоҳи фалсафӣ бовар накардан ба чизе ҳам худаш як навъ бовар кардан аст. Ҳамзамон аз нигоҳи илмҳои сиёсатшиносӣ тамоми ҷараёнҳои сиёсӣ дар ҷомеа дорои андеша ва эътиқодоти хоси худ мебошанд. Капиталзм ҳам як навъ эътиқод асту Либерализм ҳам, Комунизм ҳам як навъ эътиқод асту Исломизм ҳам...Фарз кардем, шумо бо ҳаммаслаконатон идораи кишвареро ба даст гирифтед, кӣ кафолат медиҳад, ки "бо такя бо хирад" мардум ва ҷомеаро ба бехудоӣ даъват намекунед?

Ба ибораи соддатар, кӣ кафолат дода метавонад, вақте гурӯҳе аз бединҳо ва ё бо истилоҳи мазҳабӣ, мулҳидҳо ба қудрат расиданд, эътиқодоти бехудоии худ ва ё ҳамон илҳодро ба майдон бароварда бар мардум ва ҷомеа таҳмил намекунанд? Ҳоло он ки вақте дар Тоҷикистон будед, он ҳам замоне ки аз қудрат хеле дур будед, дар маҷлисе, ки дар садри он ҳузур доштед, пири тариқататон Комил Бекзода расман аз ҳукумату мақомоти кишвар талаб карда буд, ба хотири расонидани ин афкори лодинӣ ва бехудоӣ ва ҳатто зиддиХудоӣ ба мардум ва ҷомеа, ба шумо шароит фароҳам биоранд, мошинҳои махусус таҳвилатон диҳанд ва маблағ ҷудо намоянд, то шумо рафта дар байни мусалмонони кишвар онҳоро тарғибу ташвиқ кунед. Шумо вақте аз қудрат чанд фарсах дур будед, даъво доштед, ки бояд эътиқоди бединиатонро ба ҷомеа бикашеду онро сиёсӣ кунед, ҳоло бошад хеле гапҳои носозгор ба воқеияти худ ва ҳаммаслакони худатон мегӯед, ин аҷаб нест? Ҷаноби Ҳафиз Бобоёров дар мавриди ташкилоти ҳаросафкане мегӯяд, «ДОИШ натиҷаи сиёсӣ кардани дин аст, ҳамон гунае ки Инквизитсия масеҳияти сиёсӣ аст.»

Акнун, ки файласуф ин тавр мегӯяд, ҳоло ба мо ҳақ диҳад, ки мо ҳам бигӯем, на, чунин нест. ДИИШ-е, ки хеле аз муҳаққиқон онро фарзанди угайи «Алқоида» ҳам меноманд, агар ин фарзияи онҳо дуруст бошад, пас мо ҳам метавонем, гӯем, ки он ҳосили тафаккури идеологиву илҳодӣ ва ё бехудоии гузаштагон ҷаноби Ҳафизу ҳаммаслаконаш аз ҳамон давраи Ленину Сталини бехудову хунхорест, ки тибқи оморҳои расмӣ теъдоди қатлу кушторҳои оммавиаш беш аз даҳ баробар зиёдтар аз ДИИШ аст. Бар илова, агар кас таҳқиқ кунад, ба ин натиҷа хоҳад расид, ки чун гузаштагону пешвоёни атеизми Шӯравӣ, ки ҳоло яке аз меросбарони он ҷаноби файласуф аст, солҳои 1979-1989 ба Афғонистон ҳамла карданд, бар асоси эътирофҳои хонум Ҳилларӣ Клинтон, собиқ вазири умури хориҷаи ИМА (суҳбат бо сиёсатмадорон муҳаққиқони амрикоӣ, ки наворҳои он дар интернет вуҷуд доранд) «мо-яъне Амрико ба хотири зарба задан ба Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар Афғонистон созмони «Алқоида» ва дигар ҳаракатҳои ҷиҳодиро дар ҷануби Осиё таъсис додем…», инчунин президенти ИМА ҷаноби Трамп ҳам ошокоро санаи 10/08/2016 дар Флорида дар замони таблиғоти пешазинтихоботиаш рақибаш хонум Ҳилларӣ Клинтон ва Барак Обамаро ба даст доштан дар ташкили ДИИШ муттаҳам карда, гуфт, «онҳо муассисони ДИИШ ҳастанд…Хулоса, агар «ДИИШ» бачаи «Алқоида» бошад, «Алқоида» ҳосили яке аз василаҳои мубориза бо тафаккури атеизми ишғолгари Шӯравӣ, пас барчаспи динӣ задан ба он ҳеч маъние надорад. Он ҳам ҷониби касе аз нигоҳи идеологӣ меросхӯри бехудоёни собиқ Шӯравӣ аст. Ҳамзамон дӯстоне, ки дар ин бора бештар таҳқиқ мекунанд, як бор дасти кам дидгоҳҳои сиёсатмадорони ғарбӣ, бахусус дидгоҳҳои собиқ вазири корҳои хориҷаи ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон, собиқ нахуствазири Британия Тони Блер ва пеш аз он дидгоҳҳои Ҷорҷ Буши писарро, ки дар замони ҳамла ба Ироқ дар соли 2003 онро як навъ «ҷанги салибӣ» эълон карда буд, мутолиа кунанд аз фоида холӣ нахоҳад буд...

Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор

Варшава, Лаҳистон -15/05/2019

XS
SM
MD
LG