Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳрифи таърих ба хотири машруияти исломи сиёсӣ


Донишманди шинохтаи тоҷик Ҳафиз Бобоёров дар посух ба матлаби "OCCRР: Ғуруби наҳзати исломии Тоҷикистон", ки дар сафҳаи вижаи Радиои Озодӣ барои нашри матни комили матолиби созмонҳои байнулмилалӣ роҷеъ ба Тоҷикистон нашр шудааст, андешаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир намуд.

Ҳафиз Бобоёров

Соли 2015, дар натиҷаи ду ҳодисаи муҳими таърихӣ, Тоҷикистон вориди давраи баъди Мусолиҳаи миллӣ (1997-2015) шуд. Ошӯб ва ё кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз тарафи ҷонишини вазири дифоъ, генерал Назарзода ва қонуни “Пешвои миллат” пайи ҳам воқеият пазируфтанд. Ошӯби Назарзода (сентябри 2015) баҳонаи муносибе шуд барои таҳкими ҳукумати худкома ва саркӯбгар ва машруяти он тавассути қонуни номбурда аз тарафи палатаҳои поёнӣ ва болоии Парлумони Тоҷикистон дар моҳҳои октябр ва ноябри соли 2015 ва тағйиру иловаҳои марбута дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2016. Ин таҳаввулот ба Эмомалӣ Раҳмон кафолат медиҳад, ки мақоми президентиро бенавбат ҳифз кунад, ҳокимияти авлодӣ (династикӣ)-ашро таҳким бахшад ва якҷоя бо оилаи худ аз ҷавобгарӣ дар назди қонун озод бошад. Дар айни замон, Тоҷикистон ба мушкилоти илоҷнопазире (хроникие) чун бекорӣ, фасодкорӣ, сатҳи пасти хизматрасониҳои иҷтимоию маишӣ, буҳрони иқтисодӣ, гаронии андозҳо, фазои номусоиди соҳибкорӣ, маҳдудияти озодии баён ва ғайра рӯ ба рӯ шудааст. Бешубҳа, мудирияти нодурусти давлатӣ, бахусус авлодмеҳварӣ (непотизм) ва мутамарказ кардани аксарияти соҳаҳои даромадноки иқтисодӣ дар ихтиёри оилаи Президент омилҳои назарраси ин мушкилот ба шумор мераванд ва ояндаи Тоҷикистонро торику номуайян нигоҳ медоранд.

Дар чунин вазъият як қисми оппозитсияи тоҷик аз тарафи Ҳукумати кишвар идорапазир гардида, қисми дигар ҳанӯз дар байни худ ихтилофҳои ҷузъӣ ва усулиро рафъ накардаанд. Дар ояндаи наздик ба ҳам омадани неруҳои гуногуни оппозитсионӣ ғайриимкон ба назар мерасад. Бо вуҷуди ин, ҲНИТ (Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон) баъди ба кишварҳои аврупоӣ бадарға шудан аз пайи сохтани иттиҳоди неруҳои оппозитсионӣ гардид. Роҳбарон ва фаъолони ҲНИТ дар баромадҳои худ дар доираҳои байналмилалӣ аз арзишҳои демократӣ ва дунявӣ мегӯянд, вале дар байни диаспораи тоҷикон дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ аз арзишҳои хилофи демократия ва дунявият ҳимоя мекунанд.

Ба ном "коршиносон"-е ҳам пайдо шудаанд, ки кӯшиш доранд, таноқузоти гуфтору рафтори роҳбарону фаъолони исломи сиёсиро ислоҳу мувофиқ ба аудиторияи байналмилалӣ карда, тавассути расонаҳои пурнуфузе чун Радиои Озодӣ нашр кунанд. Бознашри мақолаи “Ғуруби наҳзати исломии тоҷик” (Илья Лозовский, 5 июни 2018, “Закат таджикского исламского возрождения”) дар бахши русии ин Радио (25 апрели 2019l) тамоми меъёрҳои илмӣ ва рӯзноманигориро пушти по задааст. Дар жанри рӯзноманигорӣ, ки ҷузъиётро қабул надорад, он фактҳои таърихи начандон дурро таҳриф карда, мекӯшад воқеиятҳоро дигаргуна ҷилва диҳад. Барои машруияти чунин мавқеъ он бо тафсиру танқиди низоми авторитарӣ ва саркӯбгари ҳукумати хонаводагии Тоҷикистон шурӯъ мекунад. Аммо дар идома вазъиятро ончуноне шарҳ медиҳад, ки гӯё дар ин кишвар танҳо як ҳизби тавонманду устувор, яъне ҲНИТ вуҷуд доштааст. Он дар бораи дигар ҳизбу ҳаракатҳо дар дохил ва хориҷи кишвар аслан ёд намеорад, ки бо фарқ ба исломи сиёсӣ дар давраи Мусолиҳаи миллӣ (1997-2015) бештар мавриди саркӯбии ҳам Ҳукумат ва ҳам Исломи сиёсӣ қарор гирифтаанд. Дар идома муаллиф менависад: “Много лет (хоть в это верится с трудом) Партия исламского возрождения Таджикистана представляла несомненную альтернативу президенту Рахмону с его клановым стилем правления.» Муаллиф ҲНИТ-ро алтернативаи ҳукумати хонаводагӣ меҳисобад ва дар айни замон шубҳаи худро дар дохили қавс пинҳон (на)медорад. Ин гуна муносибатро чӣ гуна фаҳмидан мумкин аст? Бемасъулиятии касбӣ ва ё гурез аз ҷавобгарӣ?

Мақола «заминаи иҷтимоӣ» ва машруияти исломи сиёсиро дар назди мардум таъкид мекунад, вале шарҳ намедиҳад, ки ин гуна замина ва машруият дар баҳои чӣ ба даст омада буд. Чаро фаъолони исломи сиёсӣ ба он таъкид мекарданд, ки ҳизби онҳо «ҳизбуллоҳ» аст ва норизоятию эътироз ва гуногунандеширо бо истифода аз номи ислом, худо ва пайғамбар инкор ва маҳкум мекарданд? Мақола лаҳзае ёд намекунад, ки ҳизби исломӣ дар нашриёти расмии худ (аз он ҷумла рӯзномаи «Наҷот» ва китобҳои нашриёти ҳизб) дигарандешонро ба хилофи дин будан маҳкум мекарданд, тарғиботи зидди демократия ва Ғарб мебурданд, занҳоро барои ҳиҷоб напӯшидан аз назари динӣ маҳкум мекарданд, антисемитизмро аз рӯи барномаҳои сиёсии Ҷумҳурии исломии Эрон (чунончи, ҷашни рӯзи Қудс) ташвиқ мекарданд, Наврӯз ва дигар падидаҳои фарҳанги миллии тоҷиконро куфр мехонданд. Мақола сарфи назар мекунанд, ки дар баробари Ҳукумати Тоҷикистон, исломи сиёсӣ тарафи дигари муборизаи шадиди идеологӣ дар Тоҷикистон буд, ки имрӯз ба ҳарими хусусии мардум, тарзи либоспӯшӣ ва иҷрои суннатҳо дахолат мекунад. Магар «услуби дигари сиёсат» («политика иного рода») ҳамин аст? Магар «яке аз қоидаҳои асосӣ дар сиёсати тоҷикӣ» («одно из главных правил в таджикской политике») ҳамин аст? Яъне агар ҳизбҳои дигар ҳукумати худкома ва саркӯбгарро танқид карданду онро ба чолиш кашиданд, онҳо “оштинопазир” ва ҲНИТ, ки дар муқобил хомӯш буд, вале дар айни замон мардумро бо арзишҳои суннатии патриархалӣ ва авторитарӣ таҳдиду тарс медод, “муътадил” ва “сулҳҷӯ”.

Ман услуби сиёсии Ҳукумати Тоҷикистонро маҳкум мекунам, ки ба хотири мавқеъ, ақида ва нуқтаи назари сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, ҳатто ба хотири як лайк мондан одамонро таъқиб ва зиндон мекунад. Дар Тоҷикистон шумори зиндониёни сиёсӣ, аз он ҷумла аз ҳисоби ҳизби исломӣ ҳарчи бештар афзоиш меёбад. Дар баробари ин, элитаи сиёсӣ дар ҳеч сурат барои амалҳои ҷиноии худ ба ҷавобгарии додгоҳӣ кашида намешавад, фасодкорӣ дар сатҳи баланди давлатӣ на фақат бе муҷозот мемонад, балки ба афзалият (привилегия)-и идорӣ табдил меёбад. Чунин услуби идораи сиёсӣ, бешубҳа, беоқибат аст ва метавонад фоҷиаҳое дар пай дошта бошад. Дар чунин вазъият зарурат пеш омадааст, ки неруҳои солим ва созандаи ҷомеа аз ҳисоби ҳукумат, мухолифон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муттаҳид шаванд ва ба тағйири тадриҷӣ ва бебозгашти қудрати сиёсӣ ва таҳкими усули демократии мудирияти давлатӣ саҳм гузоранд.

Аммо муаллифи мақола ҷомеаи ҷаҳониро мехоҳад муътақид созанд, ки Тоҷикистон, мисли дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, неруҳое надорад, ки “ҳизбҳои оппозитсионии либералӣ”-ро асос гузоранд. Ягона алтернативаи воқеӣ исломи сиёсӣ дониста мешавад, ки ба қавли муаллиф, солҳо пеш дар муқобили идеологияи шӯравӣ ташаккул ёфта буд. Дар пеши муаллиф вазифа меистад, ки ҳаракати исломии тоҷикро аз нуқтаи назари арзишҳои либералӣ сафед кунад. Ба ҳамин хотир, пеш аз ҳама, ин ҳисоботи махфии разведкаи ИМА-ро бознигарӣ кардан мехоҳад:

«В 2001 году со ссылкой на «секретные отчеты разведки США» газета The New York Times написала, что Нури (издание назвало его «одним из лидеров исламистской военизированной группировки») был близок к Осаме бен Ладену и пытался обеспечить ему контакты с офицерами иранских спецслужб.

Однако на протяжении того десятилетия ПИВТ смогла позиционировать себя как умеренная партия исламского толка, призывающая к поступательным реформам в рамках существующей конституции Таджикистана. К примеру, устав 2003 года предусматривал существование партии, основанной на исламских ценностях, среди приоритетов которой при этом — социальное, экономическое и демократическое развитие, права человека, национальное единение и верховенство права.»

Зимни муқоисаи ин ду сархат, нахустин пурсиш ин аст: Оё имкон дорад як неруи исломи сиёсӣ бо собиқаи ҳамкорӣ бо хадамоти махсуси як давлати исломӣ ва ҳамчунин роҳбари як ҳаракати исломии байналмилалӣ дар як муддати кӯтоҳ ҳадафҳо ва идеяҳои худро бознигарӣ кунад? Ҳамин тавр, то чӣ андоза воқеият дорад, ки як давлати исломӣ, ки дар пайи инқилоби исломӣ дар дигар кишварҳо ҳаст, робитаҳои махфии худро бо ҳизби исломӣ қатъ кунад? Оё муаллиф аз худ пурсидааст, ки ҳизби исломӣ, ба ҷуз дар Ойинномаи худ, боз дар куҷо приоритетҳои худро ба таври радикалӣ иваз кардааст? Чаро ӯ намепурсад, ки на фақат дар давраи Ҷанги шаҳрвандӣ ва Мусолиҳаи миллӣ ин ҳизби исломӣ Ҷумҳурии исломии Эрон, роҳбари Инқилоби исломӣ Имом Хумайнӣ, ормони Рӯзи Қудсро ташвиқ ва қайд мекарданд? Нашри пайвастаи мусоҳибаҳои роҳбарон ва фаъолони ҲНИТ дар расонаи Таснимро (www.tasnimnews.com), ки ба СИПОҲ (Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ) тааллуқ дорад, чӣ гуна шарҳ дода метавонанд?

Дар идомаи ин мақолаи сафедкунӣ (оправдательный), муаллиф менависад: «ПИВТ совсем не похожа, к примеру, на «Братьев-мусульман», — говорит Стив Свердлов, специалист по Центральной Азии в организации Human Rights Watch, хотя власти, по его словам, и пытаются выставить партию в таком свете. Это гораздо более умеренная и демократически ориентированная структура». Стив Свердлов мутахассиси созмони бонуфузи байналмилалӣ аст, вале ӯ бевосита дар мавриди исломи сиёсии тоҷик таҳқиқе накардааст, ки дар доираҳои илмӣ ва ақалан рӯзноманигорӣ эътироф гардида бошад. Ӯ ҳатто намедонад ва ё пинҳон медорад, ки раиси ин Ҳизб чанд бор аз Ихвон-ул-муслимин ҳимоя кардааст ва ҳамчунин ҳукуммати Тоҷикистонро даъват кардааст, ки онро ба расмият шиносад.

Ҳамин гуна муносибати бемасъулиятона ба фактҳои таърихӣ дар мақола идома меёбад. Бе ҳеч гуна далел, танҳо бо ишора ба Свердлов муаллиф мехоҳад тасдиқ кунад, ки пешвоёни ҳизби исломӣ “қотеона” (“однозначно”) зидди давлати исломии шабеҳ ба Эрон ва Арабистони Саудӣ буданд. Бо ишорат ба роҳбари исломи сиёсӣ, тарафдорӣ аз “кишварҳои прогрессивии мусулмонӣ” (“прогрессивные мусульмаские страны”), ба мисли Малайзия, Индонезия ва Туркия ҳамчун алтернативаи демократӣ дониста мешавад. Дар айни замон, ҳақиқати таърихии начандон дур, ки ҳамин рӯз ҳам муассир аст, таҳриф мешавад. Яъне ҲНИТ ва доираҳои исломии ба он наздик бештар аз ҳама аз услуби ҳукумати Эрдуғон ҳимоят мекард, то он замоне ки аз Туркия берун нашуданд. Дар баробари тарғиби Ҷумҳурии исломии Эрон, доираҳои муайяни ин ҳизби исломӣ дар замони фаъолияти худ дар Тоҷикистон Эрдуғонро ба яке аз қаҳрамонҳои мактаби пропагандаи худ ва “падари мусулмонони олам” табдил дода буданд. Ҳанӯз ҳам, гурӯҳҳое, ки узви “Паймони миллӣ”-и ҳизби исломӣ ҳастанд, дар сомонаҳои хусусӣ ва гурӯҳии худ ба ташвиқи ин ва дигар шахсиятҳои таърихӣ ва имрӯзаи ҷаҳони исломӣ, ба монанди Имом Хумайнӣ машғуланд, ки барои иттиҳоди исломӣ ба муқобили Ғарб ва “дастнишондаҳо”-и он дар кишварҳои мусулмонӣ мубориза мебурданд.

"Коршиносон"-е, ки забони тоҷикиро намедонанд, танҳо ба маълумоти интихобӣ ва пешниҳодӣ дастрасӣ доранд. Он чӣ дар воқеият мегузарад, бехабаранд ва аз рӯи тасаввуроташон гумон мекунанд, ҳизби исломӣ нуфузи худро на бо ҳимоят аз арзишҳои патриархалӣ ва авторитарӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва бо изофаи таҳдид аз нуқтаи назари динӣ, балки бо нақши худ ҳамчун “созмони маъмурияти маҳаллӣ” (“организация местного самоуправления”) ба даст овардааст. “Ҳаракати динӣ-иҷтимоӣ” консепсияе ҳаст, ки акнун вориди лексикони сиёсӣ ва рӯзноманигорӣ мешавад ва исломи сиёсии тоҷикро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ машруият мебахшад. Бе ҳеч гуна асос, онҳо мифҳоро чун ҳақиқат муаррифӣ мекунанд. Масалан, гӯё пешниҳоди номзадии Ойниҳол Бобоназарова аз тарафи ҲНИТ ба мақоми президентӣ (ахиран роҳбари ҳизби исломӣ гуфт, ки номзадии ӯро ҲНИТ пешниҳод накарда буд) ба хотири он будааст, ки стереотипҳое дар бораи зани беҳиҷоб ва умуман зан ҳамчун роҳбар шиканад. Агар исломи сиёсӣ чунин ҳадаф доштааст, пас, чаро аз арзишҳои патриархалӣ дар нисбати зан ҳимоят мекунад ва назару амалҳои мухолифро маҳкум мекунад?

Фармоишӣ будани мақола ва бо ҳимояти шабакавӣ нашр ва бознашр гардидани он дар расонаи байналмилалӣ боз аз он ҷо маълум мегардад, ки он сифатҳоеро ба раиси ҳизби исломӣ тааллуқ медонад, ки бигузор рост ҳам набошанд, вале бояд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ маъқул афтанд, ба монанди “дониши комили англисӣ” («безупречный английский») ва “вафодорӣ ба арзишҳои либералӣ” («приверженность либеральным ценностям»).

Тоҷикистон бояд чун як кишвари дунявӣ ва демократӣ рушд кунад ва фазоеро ба вуҷуд орад, ки намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва дину мазҳабҳо зиндагӣ карда тавонанд. Таҷрибаи қариб се даҳсолаи Истиқлолияти миллӣ нишон дод, ки ҳизби исломӣ наметавонад барои ташаккули чунин фазо мусоидат кунад. Аммо ҳукумати авторитарӣ ва саркӯбгар, ки омода нест мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро ҳал кунад, ба тақвияти исломи сиёсӣ бештар аз худи исломиён саҳм мегузорад. Бар замми ин, методҳои муборизаи зиддиинсонӣ ва зиддиқонунии Ҳукумат дар муқобили мухолифону дигарандешон боиси афзоиши радикализми исломӣ дар байни ҷавонон мегардад. Ҳукуматдорон бояд дарк кунанд, ки решаи аслии мушкилот дар беадолатӣ ва нобаробариҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нуҳуфтаанд. То он замоне ки онҳо иродаи сиёсӣ нишон намедиҳанд, аз он ҷумла қудрати сиёсиро аз чанги як хонавода раҳо намекунанд, бар зидди фасодкорӣ муборизаи беамон намебаранд, сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ, бахусус дар соҳаҳои тандурустӣ ва маорифро беҳбуд намебахшанд, ҷойҳои нави корӣ намесозанд, то зиёда аз милён тоҷику тоҷикистонӣ дар ҷустуҷӯи кор дар кишварҳои хориҷӣ овора нашаванд, Тоҷикистон аз хатари тағйири зӯроваронаи қудрат эмин нахоҳад монд.

Поёни матн

Торпайванди ин матлаб ҳамчунин дар зери матлаби "OCCRР: Ғуруби наҳзати исломии Тоҷикистон" низ гузошта мешавад. Ақидаҳои ҳарду матлаб ва ҳамаи маводи сафҳаи вижаи "Тоҷикистон аз нигоҳи коршиносони байналмилалӣ" ба хотири гуногунандешӣ нашр шуда, лузуман мавқеъгирии Радиои Озодиро ифода намекунанд.

XS
SM
MD
LG