Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хайрулло Раҳимов, раиси пешинаи "Тоҷик Эйр", шартан озод шудааст


Хайрулло Раҳимов

Баъзе аз манобеи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки Хайрулло Раҳимов, мудири собиқи ширкати давлатии Тоҷик Эйр, “ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист” аз боздошт раҳо шудааст То ин дам худи ӯ ё вакиилаш барои тасдиқ ё радди хабар дастрас нашудаанд.

Як манбаи Радиои Озодӣ гуфт, "Раҳимов соати даҳи шаби 26-уми апрел аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе озод шуд, аммо таҳқиқи парвандааш идома дорад." Рӯшан нест, тағйири чораи зидди Раҳимов бо қарори кадом ниҳод амалӣ гаштааст.

Манбаи дигари Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки "чанд рӯз пеш вакили мудофеи Хайрулло Раҳимов раҳоии шартии ӯро пешниҳод карда буд ва ӯ шаби гузашта озод шуд."

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ба ҳол на дар бораи боздошт ва на акнун роҷеъ ба раҳоии Хайрулло Раҳимов шарҳе надода, ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд. Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, ки бо наздикони Хайрулло Раҳимов низ суҳбат кунад. Ҳамкорони собиқаш аз раҳоии ӯ изҳори бехабарӣ карданд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Раҳимов дар оғози моҳи апрел бо иттиҳоми "сӯиистифода аз мақом" ва "тасарруфи молу мулки ғайр" дастгир шуд. Он вақт манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, "сабаби боздошти ӯ дар он аст, ки Хайрулло Раҳимов дар санадҳо 200 ҳазор долларро зиёд нишон додааст". Аммо чандин шарҳнависи сафҳаҳои инернетии "Озодӣ" навишт, Раҳимов дар вазифаи худ содиқона кор мекард ва гумон намеравад, ба хилофкорие роҳ дода бошад. Бархе, баръакс, гуфтанд, дар ин мақом ва дар ширкати мазкур имкони хилофкориҳои зиёд ҷой дорад.

Сарчашмаҳои гуногун мегӯянд, парвандаи Раҳимовро муфаттишони Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ мекунанд.

Хайрулло Раҳимовро баъди се соли кор дар ширкати "Тоҷик Эйр", моҳи январи имсол, аз мақом барканор карданд. Мудири собиқи ягона ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон баъд аз он барканор шуд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон кори ширкатро дар як ҷаласаи ҳукуматӣ сахт танқид кард.

Президент дар ҷаласаи ҳукумат дар рӯзи 29-уми ноябри соли 2018 гуфт, ки мақомоти "Тоҷик Эйр" ҳавопаймоҳои азими "Боинг"-ро гаронтар аз қимати аслиаш харидаанд. Вай дар ин ҷаласа ба мақомоти тафтишотӣ дастур дода буд, ки фаъолияти молии "Тоҷик Эйр"-ро тафтиш кунанд. Чунин дастурҳои президент Раҳмон ғолибан ба таҳия шудани парвандаҳои бузурги ҷиноӣ ва ҳукмҳои дарозмуддати зиндон сабаб гаштаанд.

Дар гузашта гуруҳе аз кормандони “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимовро ба он муттаҳам карда буданд, ки дар замони мудирияти ӯ ҳавопаймои “Боинг 767-300”, ки 30 сол собиқаи парвоз дошт, хариданд ва баъди муддати кӯтоҳе аз истифода монд.

Ширкати “Тоҷик Эйр” ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон солҳои тӯлонист, ки мушкилоти молӣ дорад. Бо вуҷуди қабули барномаҳои давлатӣ барои ба по хезондани он, аҳволи ширкат беҳ нашуд ва парвози ҳавопаймоҳои он аввали соли 2019 аз қатъ шуд.

Дахолати зиёди давлат ба кори ширкат, истифодаи ҳавопаймоҳои он ба манфиати хусусии афроди бонуфуз ва ҳамингуна рақобати носолим аз тарафи ширкати хусусии “Сомон Эйр”- ро яке аз сабабҳои фалаҷ шудани “Тоҷик Эйр” медонанд.

Мувофиқи санадҳои Феҳрасти ягонаи шахсони ҳуқуқӣ манфиатбардори "Сомон Эйр" ширкати "СDH investment LTD" аст. Тибқи санадҳое, ки Додгоҳи адлияи шоҳигарии Бритониё дар Лондон пас аз баррасии шикояти ширкати "Талко"-и Тоҷикистон зидди корхонаи "Ансол"-и Аваз Назаров дар соли 2008 ошкор кардааст, СDH investment LTD як ширкати офшориест, ки дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабти ном шудааст. Додгоҳ ин ширкатро ба Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" ва додарарӯси президент Эмомалӣ Раҳмон марбут донистааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG