Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари садамаи маргбор озод шуд. Волидони Нармина норозианд


Нармина Токазова. Ин аксро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Пайвандони Нармина Токазова, ки аз садамаи нақлиётӣ дар Душанбе ба ҳалокат расид, аз ҷазо нагирифтани гумонбари марги духтарашон нигарон ҳастанд. Онҳо аз Додситонии кулли Тоҷикистон хостаанд, ки қазияро дубора таҳқиқ кунад.

Медонам, ки аз хонаводаи сарватманд аст ва қаблан ба мо пул ҳам пешниҳод карда буданд, то даъво накунем, лекин бояд тибқи қонунгузорӣ ҷазо гирад

Нарминаи сисола моҳи ноябри соли гузашта дар Душанбе зери чархи Lexus NX монд ва даргузашт. Мақомот дар оғоз ронанда Ғолибшоҳ Каттахоновро дастгир карда, аммо чанде пеш ӯро раҳо намудаанд. Мақомот мегӯянд, ин садама бо гуноҳи ронанда рух надодааст ва далеле барои дар ҳабс нигоҳ доштани ӯ нест. Аммо хонаводаи Нармина аз ин норозианд ва барои ба ҳабс кашидани ронанда далелҳои худро доранд.

"Таҳқиқ мунсифона набуд"

Рашид Токазов, падари Нармина, рӯзи 27-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ҳатто нисбат ба Ғолибшоҳ Каттахонов ҳеч парванда боз накардаанд. Ӯ ба ин назар аст, ки тафтиши қазияи марги духтараш “одилона сурат нагирифтааст”.

“Моро ягон бор бо Каттахонов рӯбарӯ накарданд. Чанд дафъа пурсидем, ки қазия ба куҷо кашид? Баъдан як корманди вазорат гуфт, ки ӯ аз ҳабс озод шудааст. Медонам, ки ӯ аз хонаводаи сарватманд аст ва қаблан ба мо пул ҳам пешниҳод карда буданд, то даъво накунем, лекин бояд тибқи қонунгузорӣ ҷазо гирад”, -- афзуд ӯ.

Мошине, ки бо он Нармина Токазоваро пахш кардаанд
Мошине, ки бо он Нармина Токазоваро пахш кардаанд

Токазов мегӯяд, беш аз 17 сол боз дар ниҳодҳои ҳарбии кишвар кор мекунад ва он қадар аз ҳаққу ҳуқуқ бехабар нест. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон раҳоии Ғолибшоҳ Каттахоновро тасдиқ карда, гуфтанд, баъди хулосаи ташхиси техникӣ ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ронанда рад карда шуд.

Мақомот: Ташхис бегуноҳ баровард

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорат, ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхис нишон додааст, ки ронанда замони сар задани ҳодиса имкони пешгирӣ кардани онро надоштааст.

Ӯ гуфт: “Бори аввал мутахассисони Вазорати корҳои дохилӣ ташхиси судӣ-автотехникиро анҷом доданд. Хулоса ин буд, ки духтар дар масофаи бисёр наздик якбора ба роҳ баромадааст ва ронанда имкони пешгирии ҳаракатро надоштааст. Наздикони духтар розӣ нашуданд. Бори дувум мутахассисони Вазорати адлия ташхис гузаронданд. Натиҷа боз ҳамон аст.”

Адолат Домуллоҷонова, вакили мудофеи хонаводаи Нармина Токазова мегӯяд, натиҷаи ташхис онҳоро дар ҳайрат гузоштааст. “Дар хулосаҳо нишон додаанд, ки мошин қаблан чанд дафъа садама кардааст ва онро ранг карда буданд. Ва бо андак бархӯрд рангаш парида, намуди берунияш дигар шудааст. Суръати ҳаракати мошинро 55-60 километр дар соат гуфтаанд, ки чунин набудааст. Аз рӯи таҳлилҳои мо суръати ҳаракат хеле баланд буд.”

Вакили мудофеъ ва зерҳимояи ӯ мегӯянд, натиҷаи марги Нармина Токазова “аз беэҳтиётии ронанда ва суръати баланди мошин аст”.

"Ронанда дар Русия аст"

Наздикони Ғолибшоҳ Каттахонов мегӯянд, ӯ писари оромтабиат аст ва бовар надоранд, ки мошинро бо суръати баланд рондааст. Санавбар, модари Ғолибшоҳ дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “садамаи нақлиётӣ тасодуфӣ аст”.

Модари Ғолибшоҳ гуфт, саломатиш хуб нест ва набояд ҳар гуна хабарҳои бадро бишнавад ва аз ҳамин хотир аз садама ҳам дер хабардор шуд. “Замони рух додани ҳодиса дар бемористон будам. Ҳодисаро дертар ба ман гуфтанд”, -- афзуд ӯ.

Нармина Токазова, зодаи шаҳри Бохтар ва соҳиби маълумоти олии иқтисодчӣ будааст. Ӯ то замони марг дар созмони “Карголайн”, ки ба интиқоли молу маҳсулот машғул аст, фаъолият дошт. Наздикони Нармина гуфтанд, ӯ нақша дошт, бо дӯстдоштааш Бахтовар Маҳмудҷонов рӯзҳои наздик издивоҷ кунад, аммо ба мақсад нарасид.

Ғолибшоҳ Каттахонови 19-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, пеш аз сар задани ҳодисаи нохуш дар соли дувуми Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон таҳсил мекардааст. Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон гуфтанд, ки баъди рух додани садама, Ғолибшоҳ дигар ба дарс наомад ва аз донишгоҳ хориҷ шуд. Наздикони Ғолибшоҳ гуфтанд, ҳоло ӯ дар Русия аст. Пайдо кардани худи ӯ ба мо муяссар нашуд.

"Вақте интихобӣ ҷазо медиҳанд..."

Муҷозот нашудани баъзе аз гумонбарони садамаҳои маргбор борҳо дар расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ садо додааст. Корбарон мегӯянд, мақомот бояд ҳамаро бо як чашм бубинанд ва гунаҳкоронро новбаста аз кадом хонавода будан, ҷазо диҳанд. Вагарна нобоварии мардум ба мақомот бештар хоҳад шуд.

Дар тақрибан ду соли охир дар Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ҷон бохта ва беш аз 2300 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Аксари ин садамаҳо, ба гуфтаи мақомот, аз беэҳтиётӣ сар задаанд.

Шарҳҳоро бинед (43)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG