Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди мулоқот бо роҳбари Кореяи Шимолӣ, Путин ба Чин рафт


Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин дар Пекин аст, то раҳбарони Чинро аз нишасти охираш бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин хабардор кунад.

Ӯ гуфт, ҳамчунин омодааст, ҷузъиёти гуфтугӯҳоеро, ки бо намояндагони Иёлоти Муттаҳида дошт, ба миён гузорад.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои давлатии Кореяи Шимолӣ рӯзи 26-уми апрел гузориш доданд, ки Ким Путинро “дар вақти муносибе” ба Пхенян даъват кардааст. Пешниҳоде, ки ба навиштаи хабаргузории марказии Корея, “тез пазируфта шуд”. Аммо рӯзи сафар муайян нест.

Ин қадамҳо метавонанд обрӯ ва нуфузи Маскавро дар музокирот миёни Вашингтон ва Пхенян дар бораи барномаҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ боло барад, музокироте ки бо вуҷуди ду нишаст миёни президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп ва Ким Чен Ин шикаст хӯрдааст.

Президенти Амрико дар гузашта ба Путин ва Ким таҳсин гуфта, изҳор доштааст, ки ӯ дар ҷустуҷӯи муносибатҳои наздик бо ҳарду роҳбар аст.

Путин гуфт, ӯ ва Ким як “сӯҳбати пурмаъно” доштанд ва дидгоҳҳои худро дар бораи чигуна бартараф кардани мухолифатҳо ба барномаи ҳастаии Пхенян баён карданд.

Путин пас аз гуфтугӯҳо бо Ким дар Шарқи Дури Русия дар Владивосток, ба сафари дурӯза ба Пекин рафт, ҷое ки ӯ гуфт ба роҳбарони Чин дар бораи ин нишаст иттилоъ хоҳад дод.

Путин гуфт: “Мо дар бораи ин масъала ҳам бо раҳбарони Иёлоти Муттаҳида “ошкоро сӯҳбат” хоҳем кард. “Ҳеҷ сирре нест. Мавқеи Русия ҳамеша шаффоф будаст. Ҳеҷ муомилаи пинҳоние нест”, – гуфт Путин.

XS
SM
MD
LG