Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел барои иштирок дар Форуми дувуми байналмилалии "Як камарбанд-як роҳ" ва намоишгоҳи ЕХРО-2019 ба шаҳри Пекин -- пойтахти Чин сафар кард.
Тибқи иттилои расмӣ, оқои Раҳмонро дар ин сафар ёвари президент дар масоили байналмилалӣ, вазирони умури хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, президенти Академияи илмҳо, раиси Кумитаи андоз, директори Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва дигар афрод расмӣ, ҳамроҳӣ мекунанд.
Форуми "Як камарбанд-як роҳ" рӯзҳои 26-27 апрел баргузор хоҳад шуд. Интизор меравад, ки раҳбарони 40 давлат ва ҳукуматҳои дигар бо даъвати раиси ҷумҳури Чин Си Ҷин Пин дар ин ҳамоиш иштирок кунанд.
Тарҳи "Як камрбанд - як масир" соли 2013 дар анҷумани XVIII Ҳизби коммунисти Чин эълон шуд, ки дар худ ду тарҳи бузург -- "Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим" (КИРА) ва "Роҳи абрешими баҳрии асри XXI"-ро муттаҳид мекунад. Ин роҳ ба ташаккули даҳлезҳои энержӣ, нақлиётӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Шарқи Наздик, нигаронида шудааст.
Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки аз ин ташаббуси ҷаҳонии Пекин пуштибонӣ мекунад ва талош дорад, аз он фоидаҳои ҳадди аксар бардорад.