Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноҷияи Карим. Навои бенавоён дар сипеҳри симобӣ. ВИДЕО


Ноҷия Карим

Дар Душанбе китоби шоираи афғон Ноҷияи Карим "Рангинсипеҳр" рӯнамоӣ шуд, ки бо хатти сириллик аз чоп даромад ва "садои як зан дар баробари хушунату зуроварӣ дар як кишвари ҷангзада" унвон ёфт.

  • Ноҷияи Карим изҳори шодмонӣ кард, ки ашъораш ба хонандагон дар Тоҷикистон пешкаш гашт. Ҳарчанд ӯ муаллифи шаш дафтари шеър аст, "Рангинсипеҳр" нахустин китоби ӯст, ки бо хатти сириллик ба нашр расида, муаррифӣ мешавад.
Шояд ин гурӯҳи занон аз тарафи хонавода иҷозат надоранд, ки бештар дар берун бошанд ва ба корҳои ҷамъиятӣ машғул шаванд. Ё онҳо бештар ба тарбияи кӯдакони худ машғуланд.

"Зидди торикӣ ва ҷаҳолат"

Китоби ӯ аз рузгори сангин дар кишвари ҷангзада ва беҳуқуқии занон ҳикоят мекунад. Ноҷияи Карим ҳамсари Муҳаммад Ҳумоюн Қаюмӣ, мушовири аршади президенти Афғонистон ва сарпарасти Вазорати молияи ин кишвар аст ва барои баргузории маҳфили фарҳангӣ аз Амрико ба Душанбе омадааст.

Ноҷия рӯзи 23-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар шеъраш ба ҳайси як зани озоду фаъол ва зиндагидӯст, алайҳи "торикию ҷаҳолат ва мардони тундгарою мазҳабии афғон" ҷасурона мубориза мебарад. Ӯ дар ашъораш аҳли ҷаҳлу таассубро, ки ба гуфтаи ӯ Афғонистонро оғӯштаи хоку хун кардаанд, маҳкум ва мардуми ҷаҳонро ба муқобили ин фоҷиа даъват мекунад. Вай муқими Амрико ва яке аз мубаллиғони шинохтаи фарҳангу адабиёти Афғонистон дар хориҷ аст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ноҷияи Карим. Аз шеър то ҳуқуқи занон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Занон кай дастболо мешаванд?

Ноҷияи Карим гуфт аз он хушҳол аст, ки ҳамсараш ӯро барои навиштани шеър ва баланд шудани садои як зан дар баробари хушунату зуроварӣ ташвиқ мекунад ва ангеза мебахшад. Ба гуфтаи ин шоираи афғон, бо ин вуҷуд, ки раванди фаъол шудани занон дар Афғонистон бештар ба назар мерасад, ҳамоно беҳуқуқиву хушунат алайҳи онҳо нигаронкунанда мондааст. Ӯ мегуяд, бояд дастрасии занон ба таҳсил бештар шавад.

“Дуруст аст, ки мушкили занони афғон нав нест ва солҳо боз идома дорад. Онҳо дар арсаи иқтисодӣ ё иҷтимоӣ натавонистаанд, ки берун бароянд, наметавонанд садои худро баланд кунанд. Боз ҳам як роҳ аст. Занон бояд бештар омӯзанд, то тавонанд барои дифоъ аз ҳуқуқи худ дастболо шаванд", - афзуд ӯ.

Ноҷияи Карим
Ноҷияи Карим

Ноҷияи Карим мегӯяд, ҳар бор аз ҷабри занони афғон мешунавад, наметавонад ба осонӣ таҳаммул кунад. Ӯ дар як шеъре аз марги фоҷиабори ҷавонзани афғон Фархунда дар чаҳор соли пеш дар Кобул ёдовар шудааст. Фархунда баъд аз тӯҳмат ба оташзании китоби муқаддаси Қуръон аз сӯи издиҳоми мардон ба қатл расонда шуд.

Зодаи хурофот

Ҷасади ӯро оташ зада, ба рӯдхона андохтанд. Ин ҳодиса аз сӯи ҳам ҷомеа ва ҳам раҳбарияти ҳукумати Афғонистон маҳкум шуд, зеро маълум гардид, ки Фархунда қурбонии тавтеаи муллои маҳаллӣ шудааст. Бо вуҷуди ба мӯҳлатҳои то 20 соли зиндон маҳкум шудани қотилони Фархунда, аксарият бар инанд, ки куштори ин хонум - намунаи беҳуқуқиву заъфи занони Афғонистон дар баробари ҷомеаи суннатгаро ва мардсолори ин кишвар аст. Ноҷияи Карим шоираи афғон мегӯяд, ки хушунату бадрафторӣ нисбат ба занон - зодаи ҳамон хурофот аст.

Шоира гуфт, агарчӣ риштаи тибро дар Амрико хатм кардаву пизишк аст, ҳамеша шеър мегӯяд. "Шеър гуфтан барои ман ирсӣ аст ва ман инро аз падарам Муҳаммадкарими Кобулӣ, шоири баргузидаи Афғонистон омӯхтаам. Дар замони мактабхонӣ, бештар шеърҳои танзомез менавиштам. Аммо дар 25 соли охир, вазъи кишварам ба ман асар гузоштааст ва ҳоло бештар дар бораи ин менависам", - гуфт ӯ.

Лаҳзае аз суҳбати Сарвинози Рӯҳуллоҳ бо Ноҷияи Карим
Лаҳзае аз суҳбати Сарвинози Рӯҳуллоҳ бо Ноҷияи Карим

Ноҷияи Карим бардошти худро аз кору зиндагии занони мансабдор дар Тоҷикистон ҳам гуфт. Ӯ мушоҳида кардааст, ки дар Тоҷикистон ин гуруҳи занон дар корҳои ҷамъиятӣ чандон фаъол ва шинохта нестанд. Ӯ ба ин назар аст, ки “шояд ин гурӯҳи занон аз тарафи хонавода иҷозат надоранд, ки бештар дар берун бошанд ва ба корҳои ҷамъиятӣ машғул шаванд. Ё онҳо бештар ба тарбияи кӯдакони худ машғуланд. Ва ин ҳам ки шояд шавҳарони онҳо ба хотири ин ки сиёсатмадор ҳастанд ва намехоҳанд занони онҳо ба қавле аз аҳли зиёӣ бошанд”.

Аз "Навои най" то "Навои бенавоён"

Ин шоира соли гузашта китоби худро бо номи "Сипеҳри симобӣ" дар Душанбе муаррифӣ карда буд. Аммо "Рангинсипеҳр" танҳо китоби ӯст, ки ба хатти сириллик нашр шудааси. Ба ин китоби шоираи афғон, Ато Мирхоҷа - муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешгуфтор навиштааст. Ато Мирхоҷа мегӯяд, вақте бо ашъори Ноҷияи Карим ошно шуд, дарк кард, ки ӯ як зани муборизу озодихоҳ аст.

Ноҷияи Карим
Ноҷияи Карим

Ин ҳамсуҳбати мо нашри китоби шоираи афғонро бо хатти сирилик “як дарича”-и дигаре унвон кард, ки робитаи шоирони ду кишвари ҳамсояро бо ҳам наздик мекунад. "Мехостам, ашъори ин зани озод, зани шеърдӯст, дар Тоҷикистон муаррифӣ шавад ва ин китобро ба нашр расонидем. Ин китобро худи шоира тадвин карданд ва мо танҳо барои рӯи чоп омаданаш кумак кардем ва ба хатти сирилик гардондем", - гуфт Ато Мирхоҷа.

Ашъори Ноҷияи Карим то ҳол дар шаш китоб аз ҷумла "Боғистони боғдорон", "Навои най", "Навои бенавоён", "Бӯстони хирад", "Сипеҳри симобӣ" рӯи чоп омадаанд. Бо ин ҳама ин шоираи афғон умед дорад, рӯзе дар кишвараш сулҳ пойдор мешавад ва мардуми муҳоҷираш ба ватан бармегарданд. Ба ин бовар аст, ки рӯзе занони афғон аз ҳалқаи хушунату зуроварӣ раҳо мешаванд ва садои онҳо шунида мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Гузоришҳои видеоӣ

Беҳрӯзҷон куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00
XS
SM
MD
LG