Додгоҳи шаҳри Алмато 22 апрел ду фаъоли мадании дигар Айдос Нурболатов ва Ойгул Нурболатоваро 20 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда - 2 525 танга) ҷарима баст.
Иштирокчии дигари марафони Алмато Суинбике Сулаймонова низ 21 апрел ҷарима шуда буд. Додгоҳ ҳомила будани ӯро ба назар гирифта, ҷаримаро 30 дарсад кам кард.
Ин се фаъоли мадании қазоқ бар асоси қисми 1-и банди "Нақзи тартиби ташкил ё баргузории ҷамъомадҳо"-и Кодекси маъмурии Қазоқистон айбдор шуданд. Вакили дифои фаъолон Розия Нурмишева гуфт, аз болои қарори додгоҳ шикоят мебаранд.
Пулиси Алмато 21 апрел дар ҷараёни марафон панҷ фаъоли маданиро барои лавҳаи дасташон бо шиори "Аз ҳақиқат наметавон гурехт" боздошт кард. Фаъолон Осия Тулесова ва Бейбарис Толимбоев бо ҷурми нақзи қисми 3-и банди мазкур худи он рӯз 15 рӯз ба ҳабс гирифта шуданд.