Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ирландияи Шимолӣ як хабарнигорро куштанд


Лира Макки дар ин ҷо кушта шуд
Лира Макки дар ин ҷо кушта шуд

Пулиси Ирландияи Шимолӣ мегӯяд, як гуруҳи ҷумҳурихоҳ бо номи ИРА-и нав, ба қатли як хабаригор дар ҷараёни ошӯбҳои шаби 18-уми апрел дар шаҳри Лондонберрӣ муттаҳам мешавад.

Мақомоти пулис рӯзи 19-уми апрел гуфтанд, ки Лира Макки, хабарнигори таҳқиқгари 29-сола дар натиҷаи расидани тири ба истилоҳ дайду ба ҳалокат расидааст. Ӯ дар маҳалли мухолифати ошӯбгарон бо маъмурони пулис қарор доштааст.

Дар ҷараёни бархӯрд, ошӯбгарон аз зарфҳои оташгиранда, хишту зарфҳои шишагӣ истифода кардаанд. Лира Макки, дар паёми охиринаш дар Твиттер бархӯрди ду тарафро “девонагии комил” номида буд.

Марк Ҳамилтон, як маъмури пулиси Ирландияи Шимолӣ гуфт, марди мусаллаҳе дар ҷараёни ошӯб чанд тир андохтааст ва ба қавли ӯ “ин як амали террористӣ буд.”

Марк Ҳамилтон ин амалро кори дасти ИРА-и нав номид. Ҷейк Ҳанраҳан хабарнигоре, ки дар маҳалли ҳодиса будааст, гуфт, ки Лира Макки дар байни оташи ду тараф мондааст. Хабарнигори кушташуда, дар вебсайсти Медиагейзер кор мекард.

XS
SM
MD
LG