Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА аз Узбекистон хост, ки расонаҳоро набандад


Арлем Дезир, намояндаи САҲА дар умури озодӣ аз мақомоти Узбекистон даъват кард, ки бастани сомонаҳои васоити ахбораи оммаро қатъ кунанд. Дар изҳороте, ки дар сомонаи созмони мазкур нашр шудааст, аз маҳдуд будани дастрасии сомонаҳои "Фергана", "Озодлик", Eurasianet.org, AsiaTerra, Uzmetronom ва ғайра ном бурда шудааст.

"Ман аз мақомоти он кишвар даъват кардам, ки барои дастрасии бемаҳдуд ба расонаҳои онлайнӣ ислоҳот анҷом диҳанд. Ман мехостам, бори дигар он даъватро такрор кунам, ки ҳама навъи маҳдудсозӣ бояд ба меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ ва қонунӣ бошад",-гуфт Арлем Дезир.

Дар изҳороти мазкур ҳамчунин зикр шудааст, ки хатари маҳдудсозӣ дар Узбекистон баъди қабули қарор аз сӯи девони вазирон дар соли 2018 пайдо шуд. Дар қарори девони вазирони Узбекистон омадааст, ки сомонаҳои "таблиғгари ифротгароӣ, мубаллиғ ё дорои муҳтавои хушунатомез дар Интернет" бояд баста шаванд.

Дезир мегӯяд, дар Узбекистон на номгӯи сомонаҳо, на меъёрҳои дақиқ, ки бо такя ба онҳо расонаҳо баста мешаванд, то кунун нашр нашудааст.

XS
SM
MD
LG