Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Куриёи Шимолӣ ба Русия сафар мекунад


Ким Ҷон Ун
Ким Ҷон Ун

Мақомоти Кремл эълон карданд, ки Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриҷи Шимолӣ то 12 рӯзи оянда ба Маскав сафар мекунад. Дар баёнияи кутоҳи расмӣ аз рӯзи 18-уми апрел дар ин бора омадааст, ки Ким Ҷонг Ун бо даъвати раиси ҷумҳур Владимир Путин нимаи дуввуми моҳи апрел ба Русия меояд.

Ба навиштаи баъзе аз расонаҳо, мумкин аст, Владимир Путин бо раҳбари Куриёи Шимолӣ дар шаҳри Владивосток дарр Шарқи Дури Русия ва наздик ба марзи Куриёи Шимолӣ мулоқот кунад. Баёнияи Кремл дар замоне нашр шуд, ки ҳукумати Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико талош дорад, барои хотима додан ба барномаҳои атомии Куриёи Шимолӣ бо ин кишвар ба мувофиқа бирасад.

Мулоқоти дуввуми Ким Ҷонг Ун ва Доналд Трамп дар бораи даст кашидани Куриёи Шимолӣ аз барномаҳои атомиаш натиҷа надод. Моҳи март Амрико барои ин барнома ба зидди Пхенян таҳримоти нав эъмол кард.

XS
SM
MD
LG