Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши ифротгароӣ дар Тоҷикистон ё фурӯнишасти муваққатӣ?


Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи шаҳри Душанбе парвандаи ду ҷавонро баррасӣ мекунад, ки ба гуфтаи муфаттишон саъй доштанд, ба вазорати умури дохилӣ ҳамла карда ва кормандони милисаро ба қатл расонанд.

Коҳиши шумора, албатта, як андоза дастовард ҳаст, вале дастоварди намоён нест. Ҳоло як нафараш амалеро анҷом медиҳад, ки дар ду соли пеш даҳҳо нафараш наметавонист

Тарҳи ҳамла, пеш аз соли нав

Орзу Сайдалиев ва Лоиқ Сайдалиев ба тарҳрезӣ ва омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд. Ба гуфтаи муфаттишон, Сайдалиевҳо, ки бо ҳам хешанд, мехостанд, ду рӯз пеш аз таҷлили Соли нави 2019 ба ҷамъомади субҳгоҳии кормандони милиса дар бинои вазорат бо автомат ва норинҷак ҳамла кунанд.

Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон
Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, баъди ошкор шудани нақшаи ҳамла ва ҳангоми боздошти муттаҳамон ба ҷиноят дар охири моҳи январи имсол аз ҳарду гумонбар силоҳу норинҷак мусодира карданд. Ба гуфтаи як манбаи огоҳ аз парванда аз телефони гумонбарон навори савганди садоқат ба гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ”-ро пайдо кардаанд ва ҳам эътирофи онро, ки ҳамла кори дасти онҳо буд ва видеоро бояд ДИИШ пас аз ҳамла нашр мекард.

"Тақрибан 30 дар сад кам шудааст"

Мақомоти вазорати корҳои дохилӣ боздошти ду ҷавонро, ки ба гуфтаи онҳо аз Қазоқистон бо нияти анҷоми ин амал баргашта буданд, “пешгирӣ аз хунинтарин ҳодисаи террористӣ” дар соли 2018 медонанд. Ҳодисае, ки ба гуфтаи онҳо, бадтар аз ҳамлаи террористӣ ба чаҳор ҷаҳонгарди хориҷӣ дар Данғара мешуд.

Лоиқ Саидалиев ва Орзу Сайдалиев сокинони ноҳияи Фархор фақат ду нафар аз миёни даҳҳо ҷавони дигари тоҷик ҳастанд, ки бо гуноҳи ифротгароӣ ва терроризм муттаҳам мешаванд. Дар нақшаҳои муҳокимаи парвандаҳо дар баъзе аз додгоҳҳои Тоҷикистон, ки ҳафтае чанд дафъа нашр мешаванд, ному насаб ва иттиҳомоти онҳоеро ҳам мебинед, ки ё ба ифротгароӣ, ё ба зархаридӣ ва ё ба таблиғи терроризму ифротгароӣ муттаҳам мешаванд.

Юсуф Раҳмон
Юсуф Раҳмон

Аммо додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ҷиноятҳои ба қавли мақомот “дорои хусусиятҳои террористӣ ва экстремистӣ” дар соли 2018 ба таври чашмгир ва тақрибан 30 дар сад кам шудаанд.

Дар ин бора худи додситони кул Юсуф Раҳмон дар ҳузури вакилони мардумӣ дар Маҷлиси миллӣ гузориш дод ва гуфт: “Дар натиҷаи корҳои тарғиботию ташвиқотӣ сатҳи ҷинояткории хусусияти экстремистию террористидошта нисбат ба соли 2017–ум 29 % камтар шудааст.”

Ду далели мақомот

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, соли 2018 дар кишвар 800 ҷинояти марбут ба ифротгароӣ ва терроризм ошкор шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2017 200 ҷиноят камтар аст. Онҳое, ки боздошт шудаанд, ба пайравӣ ба ҷараёни “салафия” ва узвият дар гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” муттаҳам мешаванд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 17-уми апрел сабаби коҳиши чунин ҷиноятҳоро ба бештар шудани корҳои тарғиботӣ ва шикасти ин гурӯҳи тундрав дар хоки Сурия ва Ироқ медонад.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Ӯ гуфт: “Ташвиқу тарғиб ва пешниҳод барои афви пушаймоншудаҳо таъсир гузошт. Баъдан, шикасти худи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳам бетаъсир набуд. Шикасти он дурӯғро ошкор кард. Ҷавонон диданд, ки ин гуруҳ як чизи бофта аст”.

Коҳиши "талабот" ба "одамони нав"

Аз замони таъсиси гуруҳи ДИИШ дар Сурияву Ироқ дар 2014 тақрибан ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ин ду кишвар рафта ба сафи гуруҳи мазкур ва дигар созмонҳои террористӣ пайвастаанд. Даҳҳо нафари дигар барои қасди пайвастан ба ин гурӯҳ ё бо анҷоми амали террористӣ бо супориши ҷангҷӯён аз хоки Сурия ва Ироқ боздошту зиндонӣ шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон баъди ин тамоюли нигаронкунанда ба ташвиқу тарғиб оғоз карда, маҳалла ба маҳҳала мегаштанд ва аз мардум мехостанд, муроқиби фарзандонашон бошанд, то ба чунин гуруҳҳо напайванданд. Дар расонаҳои давлатӣ, минбари масҷид ва дар ҷаласаҳои вижа дар миёни мардум “шарри терроризму экстремизм”-ро шарҳ медоданд.

Рустам Азизӣ
Рустам Азизӣ

Рустам Азизӣ, коршиноси тоҷик мегӯяд, сабаби дигари коҳиши ҷиноятҳои ифротгароӣ ва терроризм “коҳиши талаботи гуруҳҳои тундрав ба одамони нав медонад”, чун ба гуфтаи Азизӣ, пас аз шикасти ДИИШ ин гуруҳу созмонҳои дигар самти фаъолияти худро барои ҷалби ҷонибдорон рӯшан накардаанд.

"Кам шудани рақам дастоварди намоён нест"

Аммо Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили мазҳабӣ мегӯяд, тағйири омори чунин ҷиноятҳо маънои онро надорад, ки тундгароӣ коҳиш ёфтааст ва хатари он аз байн рафтааст. Ҳодизода гуфт, мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки баръакс пайравони гурӯҳҳои ифротӣ зирактар ва шеваи корашон аз гузашта хатарноктар шудааст.

“Шояд пайдо кардани онҳо мушкилтар шудааст. Соли гузашта дар Русия чанд ҷавони тоҷик боздошт шуданд, ки мехостанд, дар нуқтаҳои муҳим амали террористӣ анҷом диҳанд. Коҳиши шумора, албатта, як андоза дастовард ҳаст, вале дастоварди намоён нест. Як нафараш амалеро анҷом медиҳад, ки дар ду соли пеш даҳҳо нафараш наметавонист”, - гуфт Ҳодизода.

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

Ба гуфтаи коршинос, то ду сол пеш ҷавононро барои он боздошт мекарданд, ки талоши боло кардани парчами ДИИШ дар ин ё он ноҳияро доштанд ва ё дар сар ҳавои сафар ба Сурияро мепарвариданд. Аммо ба гуфтаи Ҳодизода, “соли гузашта амали террористие шуд, ки солҳои пеш набуд”. Манзури Фаридун Ҳодизода қатли чаҳор дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара аст, ки рӯзи 29-уми июли соли 2018 рух дод ва он ҳам нахустин ҳамлаи ошкори пайравони ДИИШ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Рустам Азизӣ мегӯяд, коҳиши ҷиноятҳои ифротгароӣ ва террористӣ хуб аст, вале “ҳоло вазифаи асосӣ хунсо кардани андешаҳои ифротӣ дар ҷомеа аст.” Ба қавли ӯ: “Агар ҳамин андешаву идеология дар зеҳнҳо бимонад, хатаре вуҷуд дорад, ки ҳангоми дубора пайдо шудани гурӯҳҳои нав, одамоне, ки чунин андеша доранд, самти кори худро дигар мекунанд”.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG