Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин шаҳрҳои Туркманистон зери обанд


Дар натиҷаи боришоти зиёди ҳафтаи ахир бузургтарин шаҳрҳои Туркманистон дар ғарби ин кишвар ва чанд минтақаи аҳолинишин дар ҷанубу шарқ зери об монданд. Ба иттилои хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ, 14 апрел дар пайи боридани борони зиёд ба шаҳрҳои Туркманбошӣ ва Балканобод сел омадааст.

Сокинони вилояти Марӣ низ 13 апрел аз омадани сел дар ҷанубу шарқи Туркманистон хабар доданд. Ҳамсуҳбатони мо навореро низ фиристоданд, ки омадани сел дар шаҳри Сарҳадободи вилояти ҳаммарз бо Афғонистонро нишон медиҳад.

Пештар шаҳр ва ноҳияи Тагтабозори ​Марӣ низ зери об монда буд. 30 март дар натиҷаи омадани сел садҳо сокини Тагтабозор осеб дида, даҳҳо хона тахриб шуда буданд.

"Одамони зарардида дар хайма зиндагӣ доранд. Мақомот ваъда доданд, ки барояшон қитъаи замин ҷудо мекунанд. Вале рӯдхонаи Мурғобро бояд кофт. Коршиносон мегӯянд, хатари омадани сел ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Хатарҳо ҳар сол бештар мешаванд. Вале ҳеч гуна чорае андешида намешавад", - иттилоъ дод хабарнигори мо дар минтақа.

13 апрел ба шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон низ сел омада буд. Ҳаво дар Ишқобод ҳамоно боронӣ аст.

XS
SM
MD
LG