Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии шаш ӯзбекистонӣ аз ғуломӣ дар Чеченистон


Шаш шаҳрванди Ӯзбекистон, ки барои пайдо кардани кор ба Чеченистон рафта буданд, ба ғуломӣ гирифтор шуданд. Як сокини маҳаллӣ зодагони Ӯзбекистонро дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Грознии Чеченистон иҷборан кор фармуда, рафтуои онҳоро маҳдуд кардааст.

Ду тан аз шаш шаҳрванди Ӯзбекистон аз моҳи январи соли ҷорӣ ба ин сӯ ва боқимонда аз нимаҳои моҳи март дар ғуломӣ гирифтор буданд.

Сокини маҳаллӣ ба маҳзи расидани муҳоҷирон ҳуҷҷатҳои онҳоро гирифта, дар фермааш иҷборан кор фармудааст.

Расонаҳо менависанд, ки сокини маҳаллӣ муҳоҷиронро латту кӯб ва таҳдиди қатл кардааст. Ахиран дар бораи ин ҳодиса шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд ва соҳиби ферма ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро баргардонида, онҳоро рухсати тарки Грозний додааст. Хешовандони муҳоҷирон ба онҳо маблағи сафархарҷӣ фиристодаанд. Қарор аст, онҳо ба Ӯзбекистон баргарданд.

XS
SM
MD
LG