Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зодаи Узбекистон бо гуноҳи қатли чанд зан ҳукми абад гирифт


Бахтиёр Матяқубов
Бахтиёр Матяқубов

Бахтиёр Матяқубов, ки бо номи "қотили дорои дастпӯшҳои сафед" машҳур аст, барои куштори панҷ зан дар Русия ба ҳабси абад маҳкум шуд. Дар ин бора рӯзи 2-юми апрел хабаргузории "Лента.ру" иттилоъ дод.

Матяқубов ба гуноҳаш иқрор ва ҷузъиёти ҷиноятҳояшро нақл кардааст.

Ба иттилои Кумитаи тафтишотии Русия, ӯ аз моҳи январ то апрели соли 2015 чанд куштор анҷом додааст. Матяқубов занонро дар боғҳои камодами Маскав таъқиб ва бо ҳадафи ғорат ҳамла мекард.

Ӯ бо олоти буррандаву халанда ҳамла мекардааст.

Ба иттилои расонаҳо, Матяқубов дар маҷмуъ 11 занро дар Русия, Узбекистон ва Украина куштааст.

"Дар дурбинҳои назоратӣ чеҳраи Матяқубов дида намешавад. Танҳо дастони дорои дастпӯшакҳои сафеди ӯ ташхис дода шуд. Биноан, Матяқубов то боздошт ҳамчун "қотили дорои дастпӯшҳои сафед" ном бурда мешуд", - навиштааст хабаргузории "Лента.ру".

XS
SM
MD
LG