Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таксӣ -- масдари хабарҳои "воқеӣ"?


Афроди огоҳ аз хабарҳои охири кишвар ва шоҳиди аксар ҳодисаҳои доғ - на журналистон, балки ронандаҳои таксӣ ҳастанд, ки ба хотири вижагиҳои корашон ҳамарӯза гапу хабарҳои охирро бевосита дар "утоқи кории худ" мешунаванд.

Муштариҳои ронандаҳои таксӣ афроди мухталиф ҳастанд - аз мақомдор то тоҷир, аз омӯзгор то донишҷӯ. Ронандаҳои таксӣ бисёр вақт шоҳиди беминнати сӯҳбатҳои маҳрамонаи муштариҳояш ҳастанд, вале гоҳҳо худ ҳам як бахше аз муколамаву баҳсҳо дар масоили доғ, аз ҷумла, хабарҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии кишвар мешаванд.

Таксӣ - ҷои беибо барои баррасии тамоми масоил

Парвиз Алмуродов таҷрибаи 9-солаи мусофиркашонӣ дар кӯчаҳои Душанберо дорад ва хуб медонад, ки бисёр мусофирон беибо ва сензура тамоми масоили барои онҳо муҳимро дар дохили мошин баррасӣ мекунанд.

Як таксирони тоҷик гуфт, борҳо шудааст, ки намояндагони сохторҳои интизомӣ аз ӯ хостанд дар сурати дарёфти иттилои муҳим ё асрори ҷинояте, барояш хабар диҳанд.

Алмуродов рӯзи 25-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, хабарҳои тозаро аз мушкилоти бонкҳову болоравии нархи хизматрасониҳои гуногун аввал шуда аз забони муштариёнашон садо медиҳад. Ӯ гуфт, чанд рӯз қабл ду мусофири таксии ӯ бо ҳам сӯҳбат мекарданд ва аз онҳо шунид, ки мошинҳои соли бароришашон то соли 2016-ро оҳиста-оҳиста аз роҳҳо мегиранд.

"Ҳамин хел шунидем, ки ҳамин гуна мошинҳоро аз байн мебардоранд, лекин намедонам то куҷо ҳақиқат дорад. Чанд ҳафта пеш мусофирон бисёртар дар бораи он гап мезаданд, ки нархи интернет боло меравад, дар бораи нооромӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон сӯҳбат мекарданд",-афзуд ӯ.

Парвиз Алмуродов роҳи филтр ё пок кардани хабари воқеӣ аз овозаро ҳам аллакай таҷриба кардааст. Мегӯяд, ҳолатҳои зиёдеро шоҳид шудааст, ки баъди шунидани баррасии мавзӯе аз ҷониби муштариҳояш, баъди як-ду рӯз тасдиқи дурустии ин хабар дар интернет ва расонаҳои мустақил нашр мешавад. Ҳолатҳое ҳам кам нест, ки хабарҳо тасдиқи худро намеёбанд.

Ҳолатҳои ғайримаъмул барои таксиронҳо

Дар давоми солҳои кораш Парвиз Алмуродов бо ҳолатҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст. Гоҳе мусофирон ба ронандаи ношинос дарди дил ва мушкилоти зиндагиашонро нақл мекунанд, шояд ба он сабаб, ки ҳамнафаси дигаре надоранд. Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки нохудогоҳ ба сипари бархе бонувон табдил мешаванд.

"Масалан, шаб тахминан соат 2 буд, як духтар омада худашро ба дохили таксии ман партофа, хост аз марде, ки думболаш буд, аз ӯ ҳимояташ кунам. Ӯ аз он мард метарсид ва аз ман хоҳиш кард, ки дари мошинамро накушоям, ман ин корро кардам ва нагузоштам, ки мард ба ӯ зарар расонад. Сабабашро нагуфт ва ман ҳам напурсидам. Ин хел ҳолатҳо зиёд шудааст. Ҳамин чанд рӯз пеш дар мошинам марде савор шуд ва нақл кард, ки аз бонк қарз гирифтаасту баргардонида наметавонад ва ҳайрон аст, чӣ кор кунад",-қисса кард ӯ.

Масдари хабарҳои "воқеӣ"

Ронандаҳои таксӣ мегӯянд, дар "утоқи кории онҳо" маъмулан на хабарҳои расмӣ, балки "воқеӣ" ва ё алтернативӣ садо медиҳанд. Хабарҳое, ки зоҳиран сокинони оддии кишварро дар ташвиш мегузоранд. Масалан, Баҳодур, як ронандаи дигари таксӣ гуфт, субҳи ҳамин рӯз шунидааст, ки гӯё омӯзгоре бо гумони муносибати шаҳвонӣ бо як хонандаи синфи 10 аз кор озод ва аз ҷониби полис боздошт шудааст. Ӯ намедонад, ки ин ҳодиса то куҷо ҳақиқат дорад, вале шунидааст, ки хабар воқеан ҳам ҷой дорад.

Назир Баҳруллоев, ки таҷрибаи сесолаи таксиронӣ дорад, гуфт, ду рӯз қабл аз забони зане шунид, ки дар ҷамоати Турсунзодаи Рӯдакӣ коргоҳе фаъолият мекунад, ки мурғҳои касалу лоғарро аз корхонаҳои мурғпарварӣ бо нархи арзон харидорӣ намуда, дар коргоҳи худаш, ки вазъи экологияш хеле бад аст, пухта ба фурӯш мегузоштааст. "Гуфт, ҳамон соҳибкор дар ҳамсоягии бародараш зиндагӣ мекунад, бародараш ҳолати бади коргоҳи ӯро медонистааст",-афзуд вай.

Ронандаҳои таксӣ мегӯянд, аксар вақт муштариҳои омодаи сӯҳбат аз мушкил ва проблема, набуди пул ва кор, камии даромад ва бемориҳо сӯҳбат мекунанд, яъне он чи ки онҳоро азият мекунад. Баҳриддин Рустамов, як ронандаи пуртаҷрибаи таксӣ гуфт, борҳо муштариён дар мошин аз болоравии нархи маҳсулоте ба мисли орду гушт, шикоят мекунанд ва баъди чан рӯз аз тариқи радио дар бораи афзошиши нархҳо мешунаванд.

"Мо кори худро мекунем, махсус диққат намедиҳем, ки муштарӣ чӣ мегӯяд, лекин вақте онҳо бо ҳам гап мезананд ё аз тариқи телефон сӯҳбат мекунанд, беихтиёр мо мешунавем ва гапҳои ҷолибашон ёдамон мемонад",-афзуд Баҳриддин.

Бархе таксиронҳои ботаҷриба мегӯянд, хуб медонанд, ки ҳамин вижагии кори таксиронҳо ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи сохторҳои интизомӣ аст. Як таксирони тоҷик гуфт, ки борҳо шудааст намояндагони сохторҳои интизомӣ аз ӯ хостанд дар сурати дарёфти иттилои муҳим ё асрори ҷинояте барояш хабар диҳанд.

Таксиронӣ -- кори то андозае хатарнок?

Таксиронҳои ботаҷриба мегӯянд, кори онҳо то ҷое ба гурӯҳи корҳои хатарнок ҳам шомил мешавад. Дар гузашта матбуот дар бораи ҳодисаҳои ҳамла ба ронандаҳои таксӣ ваё тасодуфан ҳадафи тири афроди ҷиноятпеша қарор гирифтани онҳо хабар додааст.

Раҳимҷон Тешабоев
Раҳимҷон Тешабоев

Аз пурсарусадотарин ҳодисаҳо - қатли ронандаи таксӣ Раҳимҷон Тешабоев буд. Ҷасади Раҳимҷон Тешабоевро, ки дар назди қароргоҳи пойгоҳи 201-и Русия, дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе ба ҳайси "таксист" кор мекард, шаби 19-уми августи соли 2014 аз назди кӯле дар назди деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гардани бурида пайдо карданд. Дар қатли ин таксисти тоҷик ду сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон -- Илдар Сахапов ва Федор Басимов муттаҳам шуданд.

Вале аксар ронандаҳои таксии ҳамсӯҳбати мо мегӯянд, воқеияти зиндагии имрӯза дар Тоҷикистон ҳамин аст, ки бо вуҷуди чунин шароити кор, шумори ронандаҳо то рафт афзоиш меёбад, чунки дар шароити бекорӣ ва камбуди даромад, бисёр мардон ва гоҳҳо занони соҳиби мошин аз роҳи таксиронӣ даромад ба даст меоранд. Таксиронӣ яке аз корҳои маъмул шудааст.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG