Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар таркиши мина


Яке аз гӯшаҳои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Яке аз гӯшаҳои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Муътабар Назаров, сокини ҷамоати Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрободи собиқ), ба мина бархӯрда, ҳалок шудааст. Ҳодиса рӯзи 23-юми март рух дод.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб рӯзи 24-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, Муътабар Назаров барои чидани алафи баҳорӣ рафта будааст. "Ногаҳон ба мина бармехӯрад ва пойи ростро аз даст медиҳад. То расидан ба бемористон аз хунравии зиёд ҷон медиҳад", - афзуд мусоҳиби мо.

Манбаъ гуфт, ҳамроҳи Муътабар Назаров чанд нафари дигар, аз ҷумла хешовандонаш будаанд. Онҳо осеб надидаанд.

Сироҷ Зиёев, раиси ҷамоати Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, гуфт, Назаровро рӯзи якшанбе дафн карданд. Ӯ 47 сол дошта, соҳиби панҷ фарзанд будааст.

Мирзоватан, яке аз ҳамдеҳаҳои Муътабар Назаров мегӯяд, ӯ ба маҳалле барои чидани алаф рафтааст, ки қаблан минрӯбҳо чанд дафъа ба онҳо ҳушдор дода буданд.

Дар Тоҷикистон дар 20 соли охир аз таркиши мина тақрибан 500 нафар осеб дида ва беш аз 370 нафар ҷон бохтаанд. Баъзе майдонҳои минакоришуда аз замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG