Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти ҳазорҳо сокини Русия ба ҷонибдорӣ аз Интернети озод


Тазоҳурот барои озодии Интернет дар Маскав. 10 март, 2019
Тазоҳурот барои озодии Интернет дар Маскав. 10 март, 2019

Ҳазорҳо сокини Русия 10 март дар як қатор шаҳрҳои ин кишвар зидди қонуне даст ба тазоҳурот заданд, ки ҷудошавии "Рунет" (бахши русии Интернет) аз Интернети ҷаҳониро пешбинӣ мекунад. Дар тазоҳуроти шаҳри Москва беш аз 15 ҳазор нафар иштирок кард.

Тазоҳуротро фаъолони Ҳизби сабтиномнашудаи озодихоҳи Русия ташкил карданд. Соли гузашта низ ҳамин фаъолон ба ҷонибдорӣ аз паёмакрасони Telegram намоиши эътирозӣ созмон доданд. Мухолифи рус Алексей Навалний низ сокинони Русияро ба тазоҳурот даъват карда буд.

Дар эътирозҳои Хабаровск ва Воронеж даҳҳо нафар иштирок карданд.

Мақомоти Санкт-Петербург ба баргузории тазоҳурот иҷозат надоданд ва аъзои Ҳизби озодихоҳ ва ҳаракати "АгитРоссия" маҷбур шуданд, иқдоми эътирозии худро дар назди бинои Роскомнадзор баргузор кунанд. Норозиён дар пушти дари бинои мазкур навиштанд, ки "Инҷо интернети русиро мекушанд".

Дертар маъмурони пулис фаъоли Ҳизби озодихоҳи Русия Роман Аянк ва узви ҳаракати "АгитРоссия" Григорий Кудрявтсевро боздошт карданд. Боздоштшудаҳо ба шуъбаи пулис интиқол ёфтанд, вале пас аз чанд соат бидуни тартиб додани санад раҳо гаштанд.

XS
SM
MD
LG