Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибони гумонбар дар кӯдакфурӯшӣ сохтакории санадҳоро эътироф карданд


Дар Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек баррасии парвандаи фурӯши кӯдакон идома дорад. Дар мурофиаи ахир ду табиб иқрор карданд, ки дар сохтакории ҳуҷҷатҳо даст доштанд.

Вакилони дифои айбдоршавандаҳо пештар дархости изҳори нобоварӣ ба додрасеро пешниҳод карданд, ки рӯзноманигоронро ба толор роҳ дода буд. Додрас дар мурофиаи 5 март низ ба намояндагони расонаҳо иҷозат дод, ки иштирок кунанд, вале гирифтани аксу видеоро манъ кард.

Ба иттилои пулис, дар доираи парвандаи фурӯши кӯдакон зидди 7 корманди тиб айб эълон шудааст. Ҷузъиёти парванда барои халал ворид нашудан ба тафтишот ошкор карда намешавад.

Мақомоти Қирғизистон дар робита ба қазияи фурӯши кӯдакон 4 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Гумонбарон табибони амрози занонаи бемористони шаҳрии Бишкеканд. Пулис онҳоро 7 сентябри соли 2018 боздошт кард.

XS
SM
MD
LG