Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернет дар Тоҷикистон гарон мешавад. 1 гигабайт = 50 сомонӣ. ВИДЕО


Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон амр додааст, ки як мегабайт Интернетро аз 5 дирам арзон нафурӯшанд.

Нархи як дақиқа занги воридотӣ 94 дирам ё муодили даҳ сенти амрикоӣ ва нархи як дақиқа занг аз Тоҷикистон ба хориҷа 1 сомонӣ муқарар шудааст

Ба ин тартиб, нархи як гигабайт (ҳазор мегабайт) Интернет дар Тоҷикистон бе назардошти андозҳо на кам аз панҷоҳ сомониро ташкил хоҳад дод. Бо дар назар гирифтани 18 дар сад андоз аз арзиши иловашуда ва панҷ дар сад аксиз, нархи як гигибайт Интернет ба беш аз 60 сомонӣ мерасад.

Дар ҳоли ҳозир нархи як гигабайт Интернет ба ҳисоби миёна аз 30 то 35 сомонист.

Фармони нави Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон рӯзи 4-уми март содир шуда, аз 27-уми март ба иҷро медарояд. Нусхаи он дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст.

Ғафурҷон Эркаев
Ғафурҷон Эркаев

Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "иқдоми Хадамоти зиддиинҳисорӣ қоидаи рақобат дар бозори мухобиротро поймол мекунад. Мо дар ҷараёни масъала ҳастем. Нархи Интернет ва инчунин зангҳои дохиливу байналмилалӣ боло бурда шудааст".

Нарх боло рафт, суръат баланд нашуд

Нархи Интернет дар Тоҷикистон дар ҳоле гарон мешавад, ки сокинон аз суръати пасти он ва, инчунин, баста мондани чандин вебсайти хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доранд.

Мақомот мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистонро аз омилҳои суст будани суръати Интернет дар кишвар мешуморанд ва ҳамчунин мегӯянд, буҳрони иқтисодӣ имкон надодааст, ки ширкатҳои мобилӣ технологияи 4G, технологияи пешрафтаи Интернети баландсуръатро дар саросари кишвар ҷорӣ кунанд.

Аммо мунтақидон комилан таҳти назорат гирифта шудани Интернет ва бахусус суръати пасти онро ба мӯрӣ ё Маркази ягонаи коммутатсионӣ рабт медиҳанд, ки аз тарафи Хадамоти алоқа ташкил шудааст. Ва ҳамаи ширкатҳо муваззафанд, аз ҳамин мӯрӣ Интернет бигиранд. Суръати баланд ва тормози Интернет ҳам аз ин "мӯрӣ" вобаста аст.

Дар Тоҷикистон бино ба арзёбиҳои гуногун аз 15 то 40 дар сади аҳолӣ аз Интернет истифода мебаранд. Мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ки дар кишвар тақрибан 3 миллион истифодабарандаи Интернет аст.

Ҳамин муштариён шикоят мекунанд, ки ҳар моҳ то 100 сомонӣ ва бештар аз он пул медиҳанд, аммо вақти мурур дар Интернет бояд дақиқаҳои зиёд мунтазир шаванд. Баъзан интизорӣ ҳам барҳадар меравад ва на вебсайте боз мешавад, на видео.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Интернет дар Тоҷикистон гарон мешавад. 1 гигабайт = 50 сомонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

Гуфтугӯ, аз ҷумла тавассути NGN гарон шуд

Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар фармони нави худ нархи зангҳои дохилӣ ва байналмилалиро, аз ҷумла тавассути NGN, боло бурдааст. Ҳоло нархи як дақиқа занги воридотӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон 94 дирам ё муодили даҳ сенти амрикоӣ ва нархи як дақиқа занг аз Тоҷикистон ба хориҷа 1 сомонӣ муқарар шудааст.

Ин нархгузорӣ ба ҳамаи ширкатҳои мухобиротӣ рабт дорад, вале ширкати "Тоҷиктелеком", идораи вобаста ба Хадамоти алоқа истисност. Барои мисол, зангҳои дохилӣ, аз ҷумла тавассути NGN, бист дирам аст, вале барои муштариёни “Тоҷиктелеком” ҳамагӣ чаҳор дирам таъйин шудааст.

Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, мегӯяд, суоли аслии онҳо низ аз мақомот ин аст, ки чаро "Тоҷиктелеком" аз имтиёз баҳравар ва бори гарон ба дӯши ширкатҳои дигар вогузор шудааст?

Мунтақидон мегӯянд, бо чунин шеваи нархгузорӣ мақомот мехоҳанд сафи муштариёни “Тоҷиктелеком”-ро афзуда, аз ин тариқ фоидаи бештар бубинанд. "Аммо вазъи начандони хуби ширкатҳои мобилӣ боз ҳам сангинтар хоҳад шуд", - хулоса кард як ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад.

XS
SM
MD
LG