Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи андоз аз Вайберу Вотсапп молиёт меситонад? ВИДЕО


Нусратулло Давлатзода
Нусратулло Давлатзода

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, то як ё ду моҳи дигар ситондани молиёт аз суҳбатҳо тариқи паёмрасонҳои интернетӣ (мессенҷерҳо), аз ҷумла Вайберу Вотсап ва ИМО, ниҳоӣ хоҳад шуд. Вале Нусратулло Давлатзода рӯзи 14-уми феврал дар нишасти матбуотӣ шеваи ситонидани андоз аз паёмрасонҳо ва, инчунин, маблағи онро эълон накард. Қаблан яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфта буд, ки траффики Интернетро аз ҳам ҷудо ҳисоб кардан мушкил аст ва интизор меравад дар маҷмӯъ нархи бастаҳои Интернет аз 10 то 15 дар сад боло бурда шавад.

"Ҳадафи мо ҷилавгирӣ аз кам шудани маблағҳои андоз аст. Кишварҳои дигар аз соли 2013 ба ин иқдом даст задаанд. Аз ҷумла, Юнону Испания, Фаронса, Русияву Беларус ва ҳатто ҳамсояи мо – Қирғизистон", - шарҳ дод ӯ.

"Рости гап, аз ҳамин андозсупорӣ безор шудем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Чаро ин масъала ба миён омад?

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, солҳои охир суҳбатҳои телефонӣ ба шиддат кам шуда, аксари сокинон барои гуфтугӯ бо хориҷ аз мессенҷерҳо истифода мекунанд. Вай афзуд, кам шудани суҳбатҳои телефонӣ ба кам шудани андози ширкатҳои мобилӣ сабаб гардид.

"Андози ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар соли 2018 дар муқоиса ба як соли қабл беш аз 120 миллион сомонӣ камтар аст", - афзуд Нусратулло Давлатзода.

Гуфтугӯҳои мобилӣ кам шудааст

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон агар дар соли 2015 сокинони кишвар бо хориҷ ба ҳисоби 3 миллиарду 600 миллион дақиқа сӯҳбати телефонӣ (ҳам мобиливу ҳам маъмулӣ) доштанд, ин рақам дар соли 2018 то ба 660 миллион дақиқа коҳиш ёфтааст.

Беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон барои кору иқомат дар Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар қарор доранд. Хонаводаҳо дар гузашта барои тамос бо муҳоҷирон аз телефони мобилӣ истифода мекарданд ва ҳар як дақиқаи он на камтар аз 1 сомониву 20 дирам арзиш дорад.

Раиси Кумитаи андоз: Суҳбатҳои телефонии мардум хеле кам шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00
Линки мустақим

Тайи беш аз се сол боз ин суҳбатҳо аксаран тавассути мессенҷерҳо, ба мисли Вайберу Вотсап, ИМО ваё НҶН анҷом мешавад, ки бо харҷи камтар гуфтугӯи бемаҳдудро фароҳам меорад.

Чанд пешниҳоди Кумитаи андоз

Қаблан Кумитаи андози Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ширкатҳои мобилӣ ҳар дақиқа гуфтугӯи корбарон тавассути Viber, Whatsapp, IMO ва паёмрасонҳои дигарро ҳисоб карда, аз рӯи он андоз супоранд. Вале ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҷавоб доданд, ки имкони техникии ҳисоб кардани гуфтугӯи одамонро тавассути паёмрасонҳо надоранд.

Баъдан кумита хоста буд, нархи траффики интернете, ки ба хориҷа меравад (траффике, ки тавассути Маркази ягонаи коммутатсионӣ мегузарад), боло бардошта шавад, то аз ин ҳисоб андози бештар ситонанд.

Бар илова як комиссияи давлатӣ пешниҳод карда буд, қимати як мегабайти Интернет барои гуфтугӯ тариқи NGN низ тақрибан 0,65 сомонӣ (0.07 доллари амрикоӣ) муқаррар карда шавад. Мақомот ҳисоб кардаанд, ки барои як дақиқаи гуфтугӯ бо NGN панҷ мегабайт Интернет зарур аст.​

"Хадамоти алоқа чизе намегӯяд?"

Вале ҳукумат дастур додааст, ки Кумитаи андоз пешниҳодҳои худро бозбинӣ кунад, то истифодабарандагон зиён набинанд. Нусратулло Давлатзода гуфт, пешниҳоди нав омода аст ва то чанд рӯзи дигар ба ҳукумат фиристода мешавад.

Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, рӯзи 14-уми феврал гуфт, ширкатҳо дар ин замина то ҳол ба хулосае нарасидаанд.

Ғафурҷон Эркаев
Ғафурҷон Эркаев

"Тааҷҷуб мекунам, ки чаро то ҳол Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ин мавзӯъ изҳори назар намекунад. Соле қабл фаъолияти НҶН масдуд шуд, сокинон зуд роҳҳои нави тамосро кашф карданд. Агар Вайберу Вотсап ҳам пулакӣ шавад, сокинон роҳҳои дигарро меёбанд”, - афзуд ӯ.

"Чормағз дар сари муштариён мешиканад, на ширкатҳо"

Дар ҳоле ки мақомот иддао доранд, бори андози паёмрасонҳоро ба дӯши ширкатҳои мобилӣ хоҳанд гузошт, на мардум, коршиносон мегӯянд, ҳамагуна тасмим рост ба кисаи сокинон зарба мезанад.

Меҳр Собириён, таҳлилгари тоҷик гуфт, қабл аз ҳама аз ин кор хонаводаҳои муҳоҷирони тоҷик зарар мебинанд. "Муҳоҷирон, ки маъмулан сарвари хонадон мебошанд, аз тариқи мессенҷерҳо аз ҳоли наздиконашон огоҳ мешаванд. Ширкатҳои мобилӣ маблағи андозро ҳаргиз аз ҳисоби фоидаи худ пардохт намекунанд. Онҳо ин маблағро ба қимати истифода аз интернет зам менамоянд ва дар ниҳоят ин бор ба дӯши муштарии одӣ гузошта мешавад", - шарҳ дод ӯ.

Меҳр Собириён
Меҳр Собириён

Тоҷикистон борҳо барои гаронӣ ва навъҳои зиёди андоз интиқод шунидааст. Соҳибкорони тоҷик низ пайваста аз он шикоят мекунанд, ки андози Тоҷикистон миёншикан аст ва намегузорад қомати тоҷирон рост шавад.

Бино ба арзёбии созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон дар қатори нӯҳ кишваре ҷой дорад, ки сатҳи андозбандияшон сангин аст. “Pricewaterhouse Coopers” - ширкати байналмилалии аудиториву машваратӣ охири соли гузашта меъёри умумии андоз дар Тоҷикистонро 67,3 дар сад ҳисоб карда буд. Ин рақам нисбат ба нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, ки муодили 32,8 дарсад аст, тақрибан ду баробар бештар аст.

XS
SM
MD
LG