Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷораи хона барои донишҷӯён: қиматҳо боло рафтанд. ВИДЕО


Шурӯи соли нави таҳсил бозори манзилҳои иҷораро дар Душанбе гарм кардааст. Донишҷуён, ки мӯҳтоҷи иҷораи хона ҳастанд, роҳи дигаре ҷуз розӣ шудан бо нархҳои гарони соҳибхонаҳоро надоранд.

Наҷибулло Хоҷамуродов то шурӯи соли нави таҳсил бояд дар Душанбе манзили иҷора пайдо кунад. Ин донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ки барои таҳсил аз ноҳияи дурдасти Темурмалик ба пойтахт омадааст, як ҳафтаи ахир хонаи иҷора мекобад. Наҷибулло мехоҳад дар маҳаллаҳои атрофи донишгоҳ иҷорашин шавад.

Ҳоло дар мактабҳои оливу касбии шаҳри Душанбе бештар аз 130 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки танҳо 11 ҳазори онҳо бо хобгоҳ таъмин ҳастанд.

Ӯ рӯзи 23-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "чӣ хеле, ки медонед, донишгоҳи мо дар хиёбони Рудакӣ ва инҷо марказ ҳисобида мешавад. Барои ҳамин, хонаҳои иҷора инҷо қимат ҳастанд. Аз 800 сомонӣ боло аст. Боз ҳамон манзилҳои иҷораро гирифтан даркор, ки ба низоми гармидиҳӣ ё ақалан бо об таъмин бошад, шароити зиндагӣ дар он миёна бошад".

Ин донишҷӯ соли гузашта ҳам дар манзили иҷора ба сар мебурд. Мегӯяд, барои ҳар моҳи истиқомат дар манзили сеҳуҷраӣ ҳамроҳ бо дӯстонаш 1500 сомонӣ месупориданд. Ҳоло бо ин арзиш хонаи иҷора намеёбанд, чун алакай арзиши хонаҳои сеҳуҷрадор бо шурӯи соли нави таҳсил, аз 1700 сомонӣ боло шудааст. "Аз 150 то 170 сомонӣ бошад, аз ин зиёд не, барои мо душвор мешавад. Падару модар ба мо ёрдам мекунанд. Хонаҳои иҷора имсол нисбатан гаронтар аст", афзуд вай.

Иҷораи хона барои донишҷӯён: нархҳо боло рафтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Наҷибулло то шурӯи дарсҳояш як ҳафтаи дигар дар ихтиёр дорад ва мегӯяд, ҷустуҷӯро идома медиҳад. Камчинӣ ва гаронии нархи манзили иҷора мушкили танҳо Наҷибулло нест. Садҳо донишҷӯ аз ин ҳол шикоят мекунанд.

Ҳусноро Солиева ҳам имсол донишҷуи Донишгоҳи тиббӣ шуд. Ӯ, ки аз Хуҷанд ба пойтахт омадааст, мегӯяд, бояд ҳамроҳи дӯстонаш манзили иҷора пайдо кунад. Вай гуфт,"аз 1300 то 1500, аммо ба ин нарх намеарзад. Ҳатто як хонаи дуҳуҷрагиро дар атрофи Сирк пайдо кардем, вақте дидам, тамоман шароит надорад, аммо нархаш 1200 сомонӣ барои як моҳ".

Ҳам талабот, ҳам иҷорапулӣ афзоиш ёфт

Бо шурӯи соли нави таҳсил ҳам талабот ба манзилҳои иҷора афзоиш ёфта, ба гуфтаи хоҳишмандон арзиши иҷорапулӣ нисбат ба як соли пеш то 20 дарсад боло рафтааст. Арзиши манзили 1 ё 2-хонагии иҷора, ки бо таҷҳизот таъмин аст, вобаста ба макони ҷойгиршавиаш аз 100-200 доллари амрикоӣ шурӯъ мешавад.

Онҳое, ки ин пулро надоранд, аз пайи манзили иҷорааш арзонтар ва дар макони дуртари пойтахт мешаванд. Хонаҳое, ки дар канораҳои пойтахт ва бидуни шароит ҳастанд, дар ҳудуди болотар аз 50 доллар дар моҳ, арзиш доранд.

Амрулло як соҳибхонае ки манзили сеҳуҷрадорашро ба маблағи 1700 сомонӣ ба иҷора медиҳад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки бо шурӯи соли нави таҳсил, талабот ба манзилҳои иҷора ҳам дар Душанбе зиёд шудааст. Аз сӯи дигар, ӯ гуфт, болоравии иҷорапулӣ ба баланд шудани қурби доллар ва боло рафтани нархи молу коло дар бозор марбут аст.

Вай гуфт, "хонаро таъмир кардам, ҳоло тамоми масолеҳи таъмири хона ҳам нисбати соли гузашта қимат шуд, бинед, доллар соли гузашта чанд буду ҳоло чанд шудааст. Ман ҳам аз ҳисоби ҳамин манзили иҷорадодаам зиндагии хонаводаи шашнафараи худро таъмин мекунам. Аз тарафи дигар, баъди анҷоми соли таҳсил маҷбур мешавӣ он хонаро боз таъмир кунӣ, чунки иҷоранишин мисли хонаи худаш хонаро нигоҳ намекунад".

Аммо як фарқияти дигари иҷорадиҳандаҳо имсол ин аст, ки аксари соҳибхонаҳо ба донишҷӯдухтарон ё занони иҷоранишин бартарӣ медиҳанд. Ҳамин тавр, як назар ба эълонҳо дар сомонаҳои интернетӣ ҳам кофист, ки бидонед соҳибони манзил чигуна иҷоранишин мехоҳанд.

Ҳусноро аз Хуҷанд барои таҳсил ба пойтахт омада ва ҳоло хонаи иҷора мекобад.
Ҳусноро аз Хуҷанд барои таҳсил ба пойтахт омада ва ҳоло хонаи иҷора мекобад.

Маҳбуба Алиева, як сокини пойтахт, ки дар хонаи дуҳуҷрагии худ дар маҳаллаи 102- пойтахт иҷорашинин қабул мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои як ҳуҷра ду донишҷӯдухтар қабул мекунад ва арзиши иҷорапулӣ ҳам 500 сомонӣ аст. Вай афзуд, ки дар як ҳуҷра худаш бо духтараш зиндагӣ мекунам ва як ҳуҷраи дигар холӣ аст, вале ошхонаву хоҷатхона ва ҳаммом барои ҳама як аст. "Духтар хуб аст, писарҳо чандон ба боварӣ нестанд",-афзуд ӯ.

Ҳазорҳо донишҷӯи иҷоранишин дар Душанбе

Наҷибулло Хоҷамуродов, ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ ҳам аз он шикоят дорад, ки дар феҳристи манзилҳо ба иҷора додашаванда аз даҳ эълон дар ҳашт ҳолат ҳатман "танҳо барои духтарон" навишта шудааст. "Шояд фикр мекунанд ки писарҳо хонаро хуб нигоҳ намекунанд ё бетартибӣ мекунанд. Вале ман фикр мекунам чунин нест, чунки ҳама як хел хислату рафтор надоранд".

Мушкили ҷои зист дар шаҳри Душанбе барои донишҷӯён солҳои охир доғтар мешавад. Аксари иҷоранишинҳо ҳам дар Душанбе донишҷӯ, шаҳрвандони хориҷӣ ва ё ҷавононе мебошанд, ки баъди таҳсил дар пойтахт мемонанд ва корро дар ҳамин ҷо идома медиҳанд. Ҳоло дар мактабҳои оливу касбии шаҳри Душанбе бештар аз 130 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки танҳо 11 ҳазори онҳо бо хобгоҳ таъмин ҳастанд.

Молиёти манзилҳои иҷора

Намое аз шаҳри Душанбе.
Намое аз шаҳри Душанбе.

Охири соли гузашта ҳам бар асоси як дастури Кумитаи андози Тоҷикистон, мизони молиёт аз иҷораи манзили хусусӣ барои шахсони инфиродӣ дар Душанбе тағйир ёфта, ҳадди аққали он бо назардошти ҳаҷм ё метрҳои мураббаи манзил муайян шуда буд.

Тибқи дастури кумита, арзиши ҳар метри мураббаи манзили ба иҷора пешниҳодшуда на камтар аз 30 сомонӣ муқаррар шуда ва баъди ҳисоби андозаи умумии манзил 13 дарсади маблағи он ҳар моҳ ба унвони андоз аз фоидаи иҷора ситонида мешавад.

То моҳи апрели соли 2017 ҳаҷми молиёти иҷораи хона дар Тоҷикистон вобаста ба даромад 13 дар сади иҷорапулиро ташкил медод. Аммо иқтисоддонҳо мегуянд, тағйири молиёти иҷораи хона, бешак соҳибмулконро ба пинҳонкорӣ мебарад, ки бе ҳеҷ шартномае ба касе хонаи худро месупоранд ва комилан аз пардохти молиёт саркашӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG