Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамринҳои низомии Амрико ва Куриёи Ҷанубӣ поён меёбад


Амрико ва Куриёи Ҷанубӣ тавоқуф кардаанд, ки барои ҳимоят аз талошҳои дипломатӣ бо Куриёи Шимолӣ тамринҳои низомии солонаи худро поён диҳанд. Мақомоти Вазорати дифои Амрико рӯзи 2-юми март гуфтанд, тасмим ба хотири кӯшишҳои сиёсӣ барои ғайриҳастаӣ кардани нимҷазираи Куриё ва коҳиши буҳронҳо гирифта шудааст. Тавофуқ пас аз он сурат мегирад, ки гуфтугӯҳои ахири Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Ким Чен Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ дар Ветнам зоҳиран ноком шуд. Ин дидори дувуми раҳбарони ҳарду кишвар дар як соли охир аст.

XS
SM
MD
LG