Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин аз ҳамкории низомӣ бо Тоҷикистон ҳимоят кард


Пас аз нашри гузоришҳо аз ҳузури қобили таваҷҷуҳи сарбозони чинӣ дар як постгоҳи наздимарзӣ дар Тоҷикистон, вазорати дифои Чин аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дифоъ кард. Рен Гуоқианг, сухангӯи вазорати дифои Чин рӯзи панҷшанбеи 28-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳамкории байни ду кишвар дар чаҳорчӯбаи қонунҳои байналмилалӣ ва қатъномаҳои таъйидшуда аз сӯи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аст.

"Ин ҳамкорӣ ба нафъи ҳар ду кишвар, нерӯҳои мусаллаҳи он ва суботи оромии минтақа аст",-гуфтааст сухангӯи вазорати дифои Чин. Рен Гуоқианг ҳамзамон гузоришҳо дар мавриди ҳузури низомии Чин дар долони Вахон мутааллиқ ба вилояти Бадахшони Афғонисторо радд кардааст.

Рӯзномаи мӯътабари амрикоии “Вашингтон Пост” рӯзи 18-уми феврал навишт,Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки як посгоҳи наздимарзӣ дорад, ҳарчанд ду кишвар ҳеҷ гоҳ онро расман эътироф накардаанд.

Дар гузориши мукаммали рӯзнома, ки дар вебсайти он нашр шуд, омадааст, “посгоҳи хоксорона дар наздикии гузаргоҳи Вахон дар Афғонистон ва дар қаламрави ноҳияи Мурғоб аст” ва ба гуфтаи Гаррӣ Шиҳ, муаллифи матлаб се-чор сол аст, ки вуҷуд дорад.

Хабарнигори “Вашингтон Пост” навиштааст, ки чанде пеш ҳангоми сафараш ба марзи Тоҷикистону Афғонистон ин қароргоҳи низомии Чинро дид ва гурӯҳе аз неруҳои чиниро вохӯрд, ки дар бозори шаҳри Мурғоб харид мекарданд.

Ба қавли хабарнигор, онҳо либоси сарбозони воҳидҳои низомии Чин дар Вилояти Шинҷон-Уйғурро доранд, ки асосан мусулмонон онҷо зиндагӣ мекунанд.

Дар гузориш гуфта мешуд, ки дар посгоҳ рамзҳои Тоҷикистону Чин дида мешаванд, вале маълум нест, пули нигаҳдориро кӣ мепардозад ва сохтмон ба кадом тараф тааллуқ дорад. “Вашингтон Пост” акси моҳвораиро нашр кардааст, ки як бинои хурд, хобгоҳ ва майдони таълимӣ дар он дида мешавад. Акси қароргоҳеро, ки се бинои алоҳида ва манораи мухобиротӣ дорад, дар гузориш ҷой додаанд.

“Вашингтон Пост” дар бораи теъдоди сарбозони чинӣ дар Тоҷикистон маълумоти дақиқе надодааст, вале аз қавли сокинони Мурғоб овардааст, ки мумкин аст, даҳҳо ва ё садҳо сарбози чинӣ дар посгоҳ мустақар бошанд.

Ҳадаф аз таъсиси пойгоҳи Чин ба навиштаи “Вашингтон Пост” ҳузур дар минтақаҳои нооромест, ки барои амнияташ фавқуллода муҳим аст. Ҷумҳурии Мардумии Чин як қитъаи бисёр хурди ҳаммарз бо Афғонистон дорад, ки дар минтақаи Вахон ҷойгир аст ва ин нуқтаро ҳамчун макони эҳтимолии нооромӣ аз Афғонистон арзёбӣ мекунад.

Марзи Тоҷикистону Чин ҳам дар ин гӯшаи куҳистонист ва 500 километрро ташкил медиҳад. Вилояти ноороми мусулмоннишини Шинҷону Уйғур ҳам дар ин минтақа ҷойгир аст. Чин аз ҷудоиталабии уйғурҳо нигарон аст ва бо Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ аз ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷудоиталабӣ созишнома имзо кардааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Умеду ноумедиҳо аз пешниҳоди афв дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00
XS
SM
MD
LG