Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Испания дар марги Малашенко осори ҷиноятро ошкор накард


Игор Малашенко
Игор Малашенко

Пулиси Испания осори ҷиноятро дар марги Игор Малашенко - бунёдгузори шабакаи телевизионии НТВ пайдо накард. Бино ба маълумоти ибтидоӣ, сиёсатшинос ва мудири расона дар шаҳри Сотогранди Испания худкушӣ кард.

Натиҷаи ниҳоии колбадшикофӣ ҳудудан баъди як моҳ мушаххас мешавад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости рӯзи 26-уми феврал бо такя ба Додгоҳи олии Аналузия хабар дод.

Хабари марги Малашенкои 64-сола рӯзи 25-уми феврал пахш шуд. Пулиси Испания аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кард ва бо ҳамсари сиёсатшинос, блогнависи шинохта Божена Ринска сӯҳбат анҷом дод.

Ба гуфтаи Ринска, ҷасади Малашекоро, ки ҳеҷ номаи худкушӣ нагузоштааст, нигаҳбон пайдо кард. Чанд манбаъ дафъатан худкушӣ будани марги ӯро тасдиқ кард, аммо тасдиқи расмӣ вуҷуд надошт.

Миёнаҳои моҳи феврал Ринска навишт, ки Малашенко дар бемористони Латвия бистарӣ шуд ва бояд "аз муоинаи тӯлонии неврологӣ" гузарад. Ба гуфтаи ӯ, сабаби хароб шудани асаби Малашенко даъвои давомдори талоқ бо ҳамсари аввалаш Елена Пивоварова аст.

Бино ба эътирофи Ринска, чанде пеш аз фоҷеа ӯ бо ҳамсараш муноқиша дошт ва Малашенко танҳо ба Испания рафт. Ӯ ҳолати равонии ҳамсарашро бисёр хароб арзёбӣ кард ва гуфт, ки эҳтимол ӯро ба худкушӣ расонданд.

"Марги Малашенко барои хонаводаи пешинаш, ки 80 дар сади дороии ӯро талаб кардааст, муфидтар аз зинда буданаш аст", - навишт Божена Ринска.

Игор Малашенко соли 1993 шабакаи телевизионии НТВ-ро таъсис дод ва чанд соли баъдӣ мудири кул ва президенти ин шабака буд. Соли 1996 ӯ раҳбари ситоди интихоботии президенти пешини Русия Борис Елтсин шуд. Баъди пирӯзии Елтсин ба ӯ вазифаи раҳбари маъмурияти президентро пешниҳод карданд, аммо ӯ қабул накард.

Авоили соли 2000-ум баъди пароканда шудан ва ба ихтиёри Кремл гузаштани НТВ, Малашенко аз Русия ба Ню-Йорк рафт ва 9 сол дар онҷо зиндагӣ кард. Дар ин муддат ӯ мудири кулли шабакаи RTVI, саҳоми "Эхо Москвы" ва сомонаи Newsru.com буд. Аз соли 2010 Малашенко раҳбари ширкати "Интер ТВ" буд. Ӯ соли 2012 ба Русия баргашт ва соли гузашта ситоди интхоботии Ксения Собчакро раҳбарӣ кард.

XS
SM
MD
LG