Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 1 миллион $. Фурӯши амволи "Умед 88" ба фоидаи "Роғун"


Мақомот дар шимоли Тоҷикистон амволи ширкати “Умед 88”, яке аз ширкатҳои дар гузашта пештози тиҷорати сӯзишвориро ба музояда гузоштаанд.

Ин амвол аз чанд нуқтаи фурӯш ва анбори нигоҳдории сӯзишворӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд иборат аст ва аз якуним миллион то тақрибан 16 миллион сомонӣ (муодили 1 миллиону 600 ҳазор доллар) нархгузорӣ шудааст.

Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки музояда рӯзи 25-уми феврал баргузор шуд, аммо тафсилот дар даст нест.

Дар огоҳии музояда гуфта шудааст, ки “савдои оммавии молу мулки ғайриманқули мансуб ба қарздор, барои рӯёндани маблағи зарар ба манфиати нерӯгоҳи Роғун амалӣ мешавад.”

Раҷабалӣ Одинаев
Раҷабалӣ Одинаев

Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати “Умед-88”, моҳи октябри соли 2017 дастгир ва баъдан ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Дар аввал мақомот ӯро барои барнагардондани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки Вазорати молия ҳамчун қарз ба ширкати зери раҳбарии ӯ дода буд, айбдор карданд.

Сипас ба парвандаи ӯ “дуздии моликияти давлатӣ” ва “исрофкорӣ” ҳам зам шуд.

Мақомот мегӯянд, ҳоло як парвандаи дигари Раҷабалӣ Одинаев дар баррасӣ аст. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар аввали моҳи феврали имсол дар нишасти матбуотӣ гуфт, парвандаи нави Одинаев ба қарзҳои бонкие рабт дорад, ки то ҳол баргардонда нашудаанд.

Қаблан наздиконаш боздошт ва ҳабси Раҷабалӣ Одинаевро маҳкум карда ва гуфта буданд, ки дар сурати раҳо шудан ӯ имкон дорад қарзҳоро баргардонад.

XS
SM
MD
LG