Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Об дорем, барқ тавлид мекунем. Чаро нархи ҳарду гарон аст?" ВИДЕО


Яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар Душанбе
Яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар Душанбе

Бархе аз сокинони Душанбе мегӯянд, аз аввали имсол нархи нерӯи барқ ва об афзуда, ба будҷаи бе ин ҳам холии хонаводаҳо "даст дароз кардааст". Ҳоло як киловат соат нархи нерӯи барқ тақрибан бист дирам аст.

  • "Ин моҳ санад оварданд, ки беш аз 500 сомонӣ аз барқ қарздорем. Дар фикр мондем, ки чӣ кор кунем. Ва чӣ гуна пулро ҷамъ оварда ва ба мақомот супорем", - гуфт як ҳамсуҳбати мо рӯзи 25-уми феврал дар пойтахт.
Ҳар маҳсулоте, ки дар дохили кишвар омода мешавад, бояд арзон бошад. Мо об дорем ва барқ истеҳсол мекунем, вале баръакс нархи ҳарду гарон аст

Дар баробари баланд шудани нархи барқ арзиши об низ аз аввали имсол ба ҳисоби миёна 20 дар сад афзуда ва ба беш аз як сомонӣ расидааст. Қаблан як метри мукааб об 91 дирам арзиш дошт. Ин нарх дар ҳар маҳалла вобаста ба шеваи расондани об ба хонаҳо фарқ мекунад.

Як зани бознишаста дар Душанбе мегӯяд, "аз он ҳайронам, ки нархи об боло меравад, аммо сифаташ бадтар мешавад. Баъзан тасаввур мекунам, на дар ҳаммом, балки дар соҳили баҳр ва болои қум нишастаам. Пас, чаро чунин нарх мемонанд ва ҳисобкунак мегузоранд?"

Ӯ афзуд, "аз нархи нави барқ ва об розӣ нестам. Нафақаам ночиз аст. Аз хариди маҳсулоти гарон худдорӣ мекунам, ҳатто баъзан аз шустушӯ ҳам."

Мақомот сабаби боло бурдани нархро беҳтар кардани сатҳи хадамот ва пардохти қарзи ширкатҳои таъминкунандаи барқу об гуфтаанд. Сокинон мепурсанд, Тоҷикистон аз об бой ва истеҳсолкунандаи барқ аст, вале чаро нархи обу барқ дар инҷо баланд аст?

"Ҳар маҳсулоте, ки дар дохили кишвар омода мешавад, бояд арзон бошад. Мо об дорем ва барқ истеҳсол мекунем, вале баръакс нархи ҳарду гарон аст", - мегӯяд мусоҳиби дигари мо дар Душанбе.

Мардум мегӯянд, онҳо аз пардохти ҳаққи барқ об сарпечӣ намекунанд, вале аз он норозианд, ки қимати барқу об бо шароит ва даромади онҳо мувофиқ нест.

Яке аз мусоҳибон гуфт, "дар баъзе оилаҳо як ё ду нафар ва дар баъзеи дигар аслан касе кор намекунад. Ва музди як нафар ба ҳисоби миёна 400 сомонист. Дар як моҳ аз сад сомонӣ зиёд пули барқ мешавад. Маҷбур ҳастӣ, аз хӯроки зану фарзанд кам кунӣ."

Аммо дар ин байн нафароне низ ҳастанд, ки бо болоравии нархи барқ ва об розианд. Онҳо ба ин фикранд, ки бояд мардум бештар кор кунанд ва пули барқу обро супоранд, то хадамоти ширкатҳо беҳтар шавад. "Мақомотро ҳам фаҳмидан мумкин аст. Корхонаҳо ҳам харҷ доранд. Бояд ҳаққи давлатро супурд", - афзуд ӯ.

Шумо чӣ фикр доред? Назари худро баъди тамошои видео дар зери матлаб нависед:

"Нархи об боло шуд, аммо сифаташ – бадтар"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:31 0:00

XS
SM
MD
LG