Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳудуди 200 низомии Амрико дар Сурия боқӣ мемонад


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ҳудуди 200 низомии «посдори сулҳ» пас аз хориҷ шудани нерӯҳои ин кишвар аз Сурия он ҷо боқӣ хоҳанд монд.

Саро Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи 21-уми феврал гуфт, ки “200 узви нирӯҳои посдори сулҳи Амрико барои як давраи гузариш дар Сурия боқӣ хоҳанд монд”.

Доналд Трамп, президенти Амрико моҳи декабр гуфт, ки ҷангиёни гурӯҳи тундрави ДИИШ дар Сурия саркӯб шудаанд ва дигар зарурати боқӣ мондани сарбозони амрикоӣ дар ин кишвар вуҷуд надорад. Ӯ гуфта буд, ки ду ҳазор нерӯҳои амрикоиро аз Сурия берун меоранд.

Ин тасмими Доналд Тармпро ҷумҳурихоҳон ва демократҳо танқид карданд. Ба гуфтаи онҳо, бо берун шудани нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия артиши курдҳо ба хатар рӯ ба рӯ мешавад. Артиши курдҳо бо кӯмаки Амрико зидди ДИИШ мубориза мебарад, вале Туркия онҳоро “террорист” меномад.

Қасри Сафед мегӯяд, Доналд Трамп бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия сӯҳбати телефонӣ дошт ва ду раҳбар ба натиҷае расиданд, ки “минтақаи амн” дар Сурияро ҳифз мекунанд ва ҳамкориро идома медиҳанд.

Дар Сурия Амрико, Туркия, Русия ва Эрон сарбоз доранд ва ҳар кишвар аз гурӯҳҳои алоҳида пуштибонӣ мекунанд. Нооромиҳо дар Сурия, ки аз соли 2012 оғоз шуд, ҳанӯз поён наёфтааст.

XS
SM
MD
LG