Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ: Ҷонибдори беҳбуди равобит бо кишварҳои Ховари Миёна ҳастем


Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, гуфт, Теҳрон мехоҳад равобитро бо кишварҳои Ховари Миёна (Шарқи Миёна) беҳбуд бахшад.

Эрон солҳо боз бо Арабистони Саудӣ ва баъзе кишварҳои дигари минтақа дар “ҷанг” аст. Рӯҳонӣ рӯзи 17-уми феврал дар як суханронии телевизионӣ гуфт, Теҳрон омодааст, барои ҳифзи субот дар Ховари Миёна бо ҳама кишварҳои минтақа равобиташро тавсеа бахшад.

Аммо раиси ҷумҳури Эрон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроилро муттаҳам кард, ки ба гуфтаи ӯ ба ҷудоии байни эрониҳо доман мезананд. Вай гуфт, Эрон ба фишорҳои Амрико ва Исроил сар фурӯ нахоҳад овард.

XS
SM
MD
LG