Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҳама дар хоб буд.” Даҳҳо кушта ва захмӣ дар сӯхтори Бангладеш


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи сӯхтор дар Бангладеш дастикам ҳашт нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ба қавли мақомоти ин кишвар, сӯхтор беш аз 200 хонаи сокинонро ба коми худ фурӯ бурд.

Алӣ Аҳмад, раиси Хадамоти оташнишонии Бангладеш, ба хабаргузории DPA-и Олмон гуфтааст, сӯхтор субҳи барвақти 17-уми феврал, замоне рух дод, ки бисёре аз сокинон ҳанӯз дар хоб буданд.

Ба қавли Алӣ Аҳмад, дар натиҷаи сӯхтор ҳадди ақал 50 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҳар сол дар пайи воқеаҳои ногувор дар кишвари фақири Бангладеш садҳо нафар ҳалок мешаванд. Дар соли 2013 дар натиҷаи фурӯ рафтани бинои корхонаи "Rana Plaza" беш аз сад коргар ҷон бохта буданд.

XS
SM
MD
LG